Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АМНИЯТ, СУЛҲУ ВАҲДАТ АРЗИШИ БУЗУРГ АСТ

АМНИЯТ, СУЛҲУ ВАҲДАТ АРЗИШИ БУЗУРГ АСТ

4-06-2018, 07:42
Хабарро хонданд: 127 нафар
Назарҳо: 0
АМНИЯТ, СУЛҲУ ВАҲДАТ АРЗИШИ БУЗУРГ АСТ
Вазифаи муқаддаси ҳар як давлат нигоҳ доштани амнияти аҳли ҷомеа буда, ҳимояи сарҳад, сулҳу субот, мустақилияти иқтисодӣ, фарҳанг, гирифтани пеши роҳи бесарусомониҳо, паҳн нагардидани гурўҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва боз ҷабҳаҳои дигарро дар назар дорад.
Хатарҳое, ки бар зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дучор шудани он нигаронида шудааст ваҳдати миллатро халалдор мекунад. Тоҷикон бо халқи Эрон ҳамзабон, ҳамсоя мебошанд. Ҳодисаҳои рўзҳои охир – задухўрди намоишчиён бо ҳукумат ва оқибати он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда мерасонад, ки мардуми сулҳпарвари Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ҳама гуна эътирозҳо, задухўрдҳои дохиливатанӣ сабабҳои объективӣ ва субъективӣ доранд. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон паҳн шудани мазҳабҳои гуногуни исломӣ, шиддат ёфтани муқовимати дохилиҳизбӣ, маҳалгароию ҳокимиятталошии пешвоёни дин мебошад.
Эътирозҳои мардуми Эрон дар рўзҳои Соли нав дар шаҳри Машҳад шурўъ шуд аз мушкилотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ мухолифати динӣ падид омадааст. Бегуфтугў, ҳама гуна эътирозҳои сиёсӣ бидуни хушунат идома намеёбанд, ки чандин шахсони бегуноҳ ҳар рўз ҷони худро аз даст дода, қурбони ҷаҳолати сиёсӣ мегарданд. Мо олимони собиқадори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оқибатҳои ҷанги шаҳвандиро паси сар кардаем. Номаи 750 нафар устодон ва донишҷўёни донишгоҳҳои Эронро, ки дар расонаҳои Эрон нашр шудааст ҳамфикрӣ баён мекунем. Онҳо ба Ҳукумати мамлакат муроҷиат намуда, талаб намуданд, ки бевосита дар миёни мардум ҳозир шуда барои ҳалли мушкилоти мардум шурўъ намуда, пеши роҳи низоъҳо ва харобкориҳоро бигиранд, ба тақдири миллати хеш беғаразона муносибат намоянд. Чунки амнияти миллат, сулҳу суббот арзиши бузурганд.
Почоева М.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: