Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хашми Арабистону Эрон чӣ паёмад хоҳад дошт?

Хашми Арабистону Эрон чӣ паёмад хоҳад дошт?

7-01-2016, 13:10
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Хашми Арабистону Эрон чӣ паёмад хоҳад дошт?Кушта шудани як рӯҳонии шиа дар қатори 46 нафари муттаҳами дигар ба терроризм дар Арабистони Саудӣ шиамазҳабони дунёро ба шӯр овард.

Мақомоти расмии Эрон, ба унвони кишвари аслии пуштибони мазҳаби ташаюъ ин амалро ҷинояти сангин зидди мусалмонон унвон карданд. Ҷомеаи ин кишвар ҳам иттиҳомоти алайҳи рӯҳонии шиа Нимра ан-Нимра ва ба хусус дар радифи омилони салафии террор қарор додану ба қатл расондани ӯро маҳкум намуда. бо баргузории эътирозҳои оммавӣ ба сафорати Арабистон дар Теҳрон ва консулгарии ин кишвар дар шаҳри Машҳад ҳамла карданд.

Дар пайи ҳамлаи эътирозгарони хашмгин бинои сафорат тахриб шуда, ба сохтмон ва амволи он зарари зиёд ворид гардид. Вазорати корҳои хориҷии Арабистон ба зудӣ бо пахши баёнияе ба дипломатҳояш дастур дод, ки аз Эрон дар муддати 48 соат хориҷ шаванд.

Ин дар ҳоле буд, ки дипломатҳои араб интизори чунин фармоне нашуда худ ба таври пинҳонӣ ин кишварро аз тариқи Дубай тарк карданд.

Аммо маънои пахши изҳороти Ҷубайрӣ, вазири корҳои хориҷаи Арабистон дар бораи фаро хондани дипломатҳои ин кишвар бастани сафорат ва қатъи ҳар гуна равобит бо Эронродошт. Алии Хоманеӣ раҳбари инқилоби исломии Эрон ҳам дар ҳамоише амали мақомоти Арабистонро ғайриисломӣ дониста таъкид кард, ки чунин як амал беҷавоб намемонад.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба феҳрасти раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ дохил кардану баъдан ба дор кашидани як шахсияти маъруфи мазҳабӣ иштибоҳи бузурги мақомоти Ар-Риёз буд.

Аммо коршиноси эронӣ Куруши Ҳасандеҳ зимни тавзеҳи ин рӯйдод амиқтар рафт ва тасмими мақомоти арабӣ барои қатли рӯҳонии шиаро як иқдоми маслиҳатшуда байни Арабистон ва Америка донист.

Ин коршинос дар мусоҳибае бо хабарнигорон изҳор дошт, ки Арабистон худ ба танҳоӣ қодир ва ҷасорати чунин кореро намекард.

Ба гуфтаи вай, ҳадаф аз ин ҷиноят таҳрик додани мусалмонон ва шиддат бахшидан ба ихтилофҳои мазҳабӣ дар ин ҷомеа буду ҳаст.

Ин ҳодиса равобити бе ин ҳам бад миёни Арабистон ва Эронро барои дарозмуддат боз ҳам ториктар кард.

Эрон ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта аз ҳалок шудани садҳо нафар зоирони худ ба ҳангоми ҳаҷ дар маҳали Минои Макка нороҳат буд ва Арабистонро ба ноуҳдабароӣ дар кори ташкилу идораи ҳаҷи мусалмонон гунаҳкор медонист.

Ҳодисаи ба қатл расидани рӯҳонии шиа дар Арабистон косаи сабри Эрон ва ҷомеаи шиаро бори дигар лабрез намуд.

Чунин ба назар мерасад, ки ду кишвар акнун дар хати ҷанг ва рӯёрӯии сахттаре қарор гирифтаанд, ки нафақат барои ин ду кишвар, балки барои ҷомеаи исломӣ хатарнок хоҳад буд.

Арабистон, ба унвони кишвари нигаҳбони Маккаи мукаррама- макони муқаддаси мусалмонон ва Эрон кишваре бо тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ ҳар кадом ҷойгоҳи худро дар дунёи ислом ва ҷомеаи башарӣ доранд. Бесабаб нест, ки пас аз ин ҳодиса шиаёни Покистону баъзе аз кишварҳои дигар ба ҳимояти Эрон садо баланд карданд. Дар Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Судон аз иқдоми Арабистон тарафдорӣ намуданд.

Худо нахоста, агар бархӯрдҳои лафзӣ ба муқовимату ҷанги мусаллаҳона гузарад, пайомади он сангинтар аз ҳушдоре хоҳад буд, ки Ҳофизи бузургвор дар осори худ ба таъбири «ҷанги ҳафтоду ду миллат» ёдовар шудааст.

Манзурам ин байт аст, ки дар яке аз ғазалҳои шоир меояд:
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро ғадр бас аст,
Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд…


Албатта Арабистон ҳам бо ин амали худ ба ҳимояти иттифоқчиёнаш умед мебандад.Андаке пештар аз ин рӯйдод, Ар- Риёз дар ҷаласае ба ташкили эътилофи кишварҳои араб бар зидди терроризм иқдом кард, ки беш аз 30 кишвари арабӣэълони омодагӣ барои пайвастан ва ҳамкорӣ карданд.

Ташкили ин эътилоф дар ҳоле буд, ки Эрон бо Русия ва чанд кишвари дигар аз як сӯ, Америка бо теъдоде аз ҳампаймонони худ аз сӯи дигар ҳам бо ташкили чунин эътилоф дар Сурия ва Ироқ машғули ҷанг бо нерӯҳои ДИИШ мебошанд.

Сабаби мухолифати мақомоти Арабистон бо шиамазҳабони ин кишварро коршиносон бар иловаи зиддиятҳои мазҳабӣ инчунин дар манфиатҳои иқтисодии гурӯҳию қавмӣ низ мебинанд. Шиамазҳабон, ки дар Арабистон асосан дар минтақаҳои нафтхез зиндагӣ мекунанд, норозӣ аз онанд, ки хонаводаи Оли Сауд бо вуҷуди дарёфти даромади калон аз фурӯши нафт, иқдоми камтаре барои ободонии мардуми сокини ин минтақа мекунад. Рӯҳонӣ Ал- Нимрӣ дар мавъизаҳояш мақомотро бо он айбдор мекард, ки дар сиёсат ва мудирият бештар ба Америка ва Ғарб пойбанд буда, камтар робита бо кишварҳои минтақа, манфиатҳои миллию минтақавиро ба инобат мегирад.

Ҳар чӣ буд, гузашт. Кушта шудани ин рӯҳонӣ чӣ паёмаде барои Арабистон ва минтақа дорад, ҳоло маълум нест. Вале, нафақат барои минтақа, балки барои ҷаҳон ҳам бӯҳрони сиёсии воридшуда дар равобити Арабистону Эрон таъсиргузор хоҳад буд.

Фақат пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса нархи аслии нафт дар бозори ҷаҳонӣ, ки аз сӯи Арабистон идора мешуд, рӯ ба афзоиш овард.

То ҳол гуфта мешуд, ки Арабистон бо маслиҳати кишварҳои ғарбӣ ва бо мақсади зарари бештар ворид кардани таҳримҳо ба иқтисоди Русия нархи нафтро ба таври сунъӣ поёнмебарад.

Барои Тоҷикистон кишваре, ки ҳам бо Эрон ва ҳам Арабистон равобити хуб дорад, аз низову муноқишаи ду тараф ягон фоида намерасад. Бо вуҷуди ин ки бо ҳар кадоме аз ин кишварҳо робита ва ҳамкориҳои иқтисодии мо дар сатҳи миёна аст, вале тирагии муносиботи Ар-Риёз ва Теҳрон ба муносибатҳои дуҷониба ҳам бетаъсир нахоҳад буд.

Байни Арабистону Тоҷикистон даҳҳо қарордоди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имзо шудааст, ки барои иҷрои онҳо шароити орому суботи сиёсӣ лозим аст. Чизе, ки вазъи имрӯзаи ҳоким дар робитаҳои Ар-Риёзу Теҳрон ба он созгор нест.
©С.Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: