Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ангезаи даргириҳои полиси Эрон бо суфиҳо

Ангезаи даргириҳои полиси Эрон бо суфиҳо

26-02-2018, 12:20
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Ангезаи даргириҳои полиси Эрон бо суфиҳо
Даргирии пулис ва сӯфиҳо дар Теҳрон, ки ҳафтаи гузашта дар Теҳрон ба вуқӯъ омад, ба таври васеъ дар расонаҳо бозтоб шуд. Дар хабарҳо шумораи кушташудагон дар ин ҳодиса 6 нафар гузориш шудааст. Инҷунин гуфта мешавад, ки «300 нафар аз иштирокчиёни эътирозҳо боздошт гардиданд.
Яке аз ангезаҳои ин боздоштҳо он буд, ки дар гирдиҳамоии тарафдорони як гурӯҳи сӯфиҳо, ки бо номи «Дарвешҳои Гунободӣ» машҳуранд, дар рӯбарӯи яке аз шуъбаҳои полис дар Теҳрон ба нишони эътироз ба боздошти яке аз дарвешҳо, сабаби даргирӣ ва хушунат миёни кормандони полис ва тарафдорони ин гурӯҳ шуд. Бинобар гузоришҳо, даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва тарафдорони гурӯҳи сӯфиҳо, шаби душанбе ва субҳи сешанбе (19 - 20 феврал ) идома кардааст. Мақомоти полис изҳор доштаанд, ки «илова бар се корманди полис, ду нерӯи басиҷӣ» низ кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории давлатии Эрон гуфтааст: «беш аз 300 нафар" боздошт гардиданд. Ин манбаъ афзудааст: «шуморе аз ронандагони мошинҳое, ки ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла кардаанд, дар миёни боздоштшудаҳо ҳастанд.
Мақомоти Эрон пеш аз ин аз кушта шудани се тан аз кормандони пулис дар «ҳамлаи автобус" сухан гуфта буд. Мақомот мегӯянд, ки як узви нерӯҳои амният дар «ҳамлаи як мошин» ва як узви дигар низ бо «зарбаи силоҳи сард» кушта шудааст.
Аммо вебсайти сӯфиҳо нақши дарвешҳо дар ҳамла ба нерӯҳои полисро рад кард ва гёфт, ки эътирози онҳо «мусолиматомез» будааст ва онҳо оғозкунандаи ин даргириҳо набуданд.
Ин эътирозгарон аз пайравони Неъматуллоҳ Султон Алишоҳи Гунободӣ ҳастанд, ки маъмулан бо номи «дарвешҳои гунободӣ» шинохта мешаванд. Онҳо яке аз силсилаҳои сӯфӣ аст, ки дар усул ва фурӯъ ба мазҳаби шиа бовар доранд
Роҳпаймоии суфиёни дарвеш душанбеи 19 феврал дар эътироз ба боздошти Неъматуллоҳи Райёҳӣ, аз сарварони дарвешҳои гунободӣ, ки аз сӯи полиси амнияти Теҳрон боздошт шудааст, баргузор гардид.
Неъматуллоҳи Райёҳии 70-сола сокини минтақаи Шаҳркурд аст ва бар асоси бархе гузоришҳо, «дар пайи ҷобаҷо шудани нирӯҳои амниятӣ дар атрофи маҳали зиндагии дарвешҳо», ба Теҳрон омада буд.
Касро Нурӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи дарвешон, ки дар ин эътирозҳо ҳузур доштааст, гуфтааст, ки «наздики сад нафар ба дарвешҳои гунободӣ ҳамла ва тирандозӣ карданд, мардумро латукӯб карданд. Мо ҳоло нигарони ҷони доктор Нур Алӣ Тобанда ҳастем. Аммо то ба охир меистем».
Дар гузоришҳо омадааст, ки «Нур Алӣ Тобанда, қутб (пир) – и дарвешҳои гунободӣ аст, ки дар кӯчаи Гулистони ҳафтум дар минтақаи Посдорони Теҳрон зиндагӣ мекунад.
Гуфта мешавад, кормандони полис пештар низ ду бор давоми моҳи ҷорӣ бо дарвешҳои гунободӣ дар минтақаи Гулистон даргир шуда буданд. Пас аз он дарвешҳои гунободӣ эълон карда буданд, ки кормандони полис ният доштанд Нур Алӣ Тобанда, қутб ё пири дарвешони гунободиро боздошт кунанд.
Дарвешҳои гунободӣ дар оғози даргириҳои ахир нерӯҳои полисро гунаҳкор медонанд, аммо мақомоти полиси Теҳрон гуфтааст, ки се корманди онҳо дар ин даргириҳо кушта шудаанд.
Мақомот сӯфиҳоро ба «эҷоди ташаннуҷ» муттаҳам карда мегӯянд, ки «ҳамлаи хашмгини тарафдорони ин фирқа, ки савори як автобус ба сафи кормандони интизомӣ дар назди шуъбаи полис сурат гирифт, онро ба як ҳодисаи маргбор ва хунин табдил кард. Ба қавли мақомот «ҳуҷуми девонавори ин автобус дар кӯчаи Посдорон ба тарафи шуъбаи полис сабабиосеб дидани 12 мошини роҳгузар шуд ва чандин тан аз пиёдагардон ҳам захмӣ шуданд.
Мақомот дар ин ҳамла ронандаи автобус, шахсе бо номи Ёвар Муҳаммад Салос, ки гӯё аз пайравони сӯфиёни гунободӣ аст, гунаҳкор медонанд. Манбаъҳои расмӣ иддао кардаанд, ки «ин автобус ба яке аз сарони ин фирқа тааллуқ дошт». Гузаштаи силсилаи Неъматуллоҳӣ ба Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ аз орифони асри нӯҳуми ҳиҷрӣ (понздаҳуми мелодӣ) оғоз мегардад, ки минтақаи Моҳони Кирмони Эрон дафн шудааст. Пайравони ин силсилаи тариқат дар асри 19 ба се шоха Мунавваралишоҳӣ, Гундободӣ (Султоналишоҳӣ) ва Сафиалишоҳӣ (Сафоӣ) тақсим шудаанд.Шохаи Гундободӣ дар равишҳои худ тафовутҳое бо ду шохаи дигар дорад ва ба аҳли шариат наздиктар аст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: