Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САРВАТИ МИЛЛАТ

САРВАТИ МИЛЛАТ

4-06-2018, 07:39
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
САРВАТИ МИЛЛАТ

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоартии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо иштироки ятимони кулл, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор шуд.
Таҷлили ин ҷашн ба хотире роҳандозӣ гардидааст, ки насли калонсол таваҷҷўҳи бештар ба кўдакон ва тақдири ояндаҳои онҳо дошта бошанд. Бо арзи қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки хушбахтарин кўдакон дар кишвари офтобрўяи мо зиндагӣ доранд. Зеро шурўъ аз Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то мардуми оддӣ нисбати ояндаи кўдакон бефарқ нестанд. Тавассути сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат танҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҳазорҳо дабистон, муассисаҳои таълимии президентиву кўдакистонҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Гузашта аз ин Президенти мамлакат зимни сафарҳои кории худ ба ин ё он минтақа ҳатман аз ҷараёни таълиму тарбияи толибмон дидан намуда, зимни пурсиш арзи дили толибилмонро мешунаванд. Сўҳбатҳои гарму самимии Пешвои миллат аз он дарак медиҳад, ки Президент кўдаконро бо самимият дўст медоранд. Хусусан Сарвари давлат беҳтар намудани вазъи шароити зиндагии кӯдакони ятиму бепарасторро дар мадди назари хеш қарор додаанд ва онҳо ҳеҷгоҳ худро яккаву танҳо эҳсос намекунанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти худ дастгири ятимону камбизоатонро дар мадди аввал гузошта, мекўшад бо баргузории чорабиниҳои мухталиф кўмакрасони онҳо бошад.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик карда, зикр намуд, ки «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин ид тақрибан дар тамоми мамлакатҳои сайёра ҷашн гирифта мешавад ва ҳамеша ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем».
Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо аз дастуру ҳидоятҳои Раиси ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашама мегиранд ва ба хотири беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таълиму тарбияи кӯдакону наврасон пайваста давлату Ҳукумат ғамхориҳо зоҳир менамояд.
Сипас, кўдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда дар ҳавои мусиқӣ рақсидану бозиданд. Аз ҷеҳраҳои шукуфони кўдакону наврасон маълум буд, ки онҳо ба ояндаи дурахшони худ боварии комил доранд.
Дар охир аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрӣ ба кўдакону наврасон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: