Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» БА КӮДАКОН МУҲИТИ ПУРМУҲАББАТ СОЗЕМ

БА КӮДАКОН МУҲИТИ ПУРМУҲАББАТ СОЗЕМ

30-05-2018, 15:49
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
БА КӮДАКОН МУҲИТИ ПУРМУҲАББАТ СОЗЕМ
Дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» ва аъзоёни фаъоли ин ташкилот дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд меҳмони мактаб-кӯдакистони махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобиноёни шаҳри Хуҷанд гардиданд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз номи ҳизбиёни шаҳр кулли бошандагони мактаб-кӯдакистонро бо ин санаи фархунда табрик гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва шароити таълиму тарбияи насли наврас аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода мебарад. Барои рушди ҳаматарафаи кўдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Танҳо моро мебояд, ки онҳоро беандоза дӯст дорем, дар рушди камолоти онҳо саҳмгузор бошем ва аз ҳар вақта дида бомасъул бошем.
Чанде аз бошандагони мактаб-интерат бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан- модар хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Бо оростани хони идона руҳияи кудакон боз ҳам шод гардид.
Чорабинӣ то дер дар хотири кӯдакон хоҳад монд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: