Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Кӯдакони хушбахт»

«Кӯдакони хушбахт»

23-11-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
«Кӯдакони хушбахт»

Панҷ. Бахшида ба рӯзи қабули Конвенсия «Дар бораи ҳуқуқи кӯдак» ҳамасола дар ҷумҳурӣ чорабиниҳо таҷлил карда мешаванд. Тибқи талаботи санадҳои байналмилали дар ҷумҳурии мо низ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакон бо ғамхориҳои зиёде фаро гирифта шуда истодаанд ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо сол то сол зиёд мешавад.
Кӯдакону наврасон ояндаи дурахёёшони кишвари азизи мо, ояндаи халқу миллатанд. Ғамхорӣ нисбати онҳо ғамхорӣ барои ояндаи Ватан аст, зеро насле, ки имрӯз ба таълиму тарбияи хуб фаро гирифта мешавад, ояндасози давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии мо хоҳад буд.
Ба ин хотир, бо ташаббуси комиссияи кор бо занони КИН, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» дар муассисаи таълимии №2-и ноҳия ҷамъомад бо иштироки тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ, бачагони синни хурди мактабии муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо озмуни «Рассоми беҳтарин» миёни кудакон оѓоз карда шуд. Меҳмонон аз расмҳои кашидаи кӯдакон дар рӯи роҳҳои мумфарш дидан карда, ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, ҳунари дастии хонандагону тарбиягирандагони муассисаҳои томактабии ноҳия ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз шавқу завқи зиёд нисбати ҳунаромӯзӣ дарак медод.
Сипас, дар охир барномаи хуби фарҳангӣ аз ҷониби кӯдакон ва хонандагон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Холов Диловар
Роҳбари ТҶҶ
«Созандагони Ватан»
дар н.Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: