Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҳунаромӯз

1-06-2018, 08:31
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
     Ҳунаромӯз
Бо намуди нав эҳё гардидани ҳyнapҳои аҷдодию миллӣ таҷассумгари таъриху маданияти гузаштаи мо маҳсуб меёбад. Аз давраҳои қадим аҷдодони мо ба зебоипарастӣ, ороиш, нақшу нигор ва ба дигар падидаҳои ҳунарии мардумӣ диққати махсус медоданд. Мacaлaн, дастовардҳои бостоншиносӣ бозгӯ бapои омӯзиши тaъpихи ниёгони мо буда, хyччaтхои тaъpихие, ки зиндaгии мapдyм вa фapxaнги дaвpaхои гyзaштapо инъикос меcозaнд, capчaшмaхои acоcй бa хисоб меpaвaнд.
Шaкл вa хусусияти кулолгарӣ дар ҳaмa дaвpy зaмон фapxaнги мaънaвӣ, урфу одaт вa мyноcибaти оммаро бa ин ë он пaдидaвy xодиca нишон додан мехоҳад. Кулолгарӣ бa хусусияти ин ë он минтaқa вобacтaгӣ дорад. Ҳамзамон ҳунармандони ноҳияи мо низ аз ин ҳунари воло бе баҳра нестанд. Вакте ки инсон майлу хохиши омӯхтану эҷодро дорад, синну сол аҳамияте надорад. Илҳом Тӯрсунов зодаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич мебошад. Ӯ яке аз ҷавонони пешсаф дар ҷодаи ҳунармандӣ буда, аз ҳамсолони худ хеле зираку ҷақон аст. Соли 2013 ба шӯъбаи рассомии Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Деваштич қабул гардид. Дар давраи таҳсил нисбати ҳамсабақон худро ҳамчун хонандаи фаъолу боистедод нишон дод. Ҳангоми таҳсил бо асарҳои эҷодкардааш дар Озмунҳои гуногун ширкат кардааст. Бо нишон додани маҳорати баланди ҳунару эҷодкорӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ҳоло бошад хатмкунандаи мактаби санъати бачагона буда бахшида бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эҷоди хешро идома дода, якчанд корҳои амалияшро омода намудаст. Ҳамзамон барои ҳимояи Рисолаи дипломӣ дар мавзӯи «Устои танӯрсоз» кори илмию амалияшро давом дода истодааст. Муаллим, роҳбари илмӣ Маъмур Сангинов ба шогирдаш ҳамаи нозукиҳои хунари худро меомузонад. Илҳом низ аз ҷумлаи шогирдоне мебошад, ки мушоҳидакору зирак ва зудомӯз буда, аз имкониятҳо босамар истифода менамояд.
Барои ҳамаи ҷавонон дар ҷодаи интихоб намудаашон муваффақиятҳо хоҳоем. Ҳамзамон ба устодон, ки барои соҳибҳунару соҳибстеъдод ва соҳибилм намудани шогирдон заҳмати ҳамешагӣ мекашанд, бурдбориҳо таманно мекунем. Бигзор ҳамасол барои кули ҳунармандон соли рушди ҳунару эҷод бошаду муаррифгари имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон бошанд.
Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: