Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Сайре ба олами қуроқдўзӣ

Сайре ба олами қуроқдўзӣ

11-04-2018, 08:24
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Сайре ба олами  қуроқдўзӣ

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Дар урфият мегўянд: «надонистан айб нест, надонистану наомўхтан айб аст». Чуноне, ки дар ин хусус бузурге ҳам фармуда:
Айб аст, ки дар ҳунар накўшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напўшӣ.
Аслан, миллати тоҷик бо ҳунарҳои қадимии худ ва пос доштану ба дигарон ба мерос гузоштанаш машҳури ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат, ҳунар ганҷинаи бебаҳо ва ҳунарманд шахсияти бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтункунандаи дилҳои инсон аст. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои яке аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Қуроқдўзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи миллати мо ба шумор меравад. Аслан «қуроқ» ё «қуроқдӯзӣ» чизе аз порчаҳои матоъҳои гуногунранг ба тариқи махсус дўхтан ё порчаҳои матоъро ба ҳам пайваст карда, нақш офаридан аст. Санъати қуроқдӯзӣ ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи пайваст кардани порчаҳо ё боқимондаҳои матоъ мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳунармандони гузаштаи мо исрофкор набуданд, матоъҳои боқимондаро сарфакорона истифода мебурданду аз он чизе месохтанд.
Дар Осиёи Марказӣ қуроқдӯзӣ оину суннатҳои хоси худро дошта, аз давраҳои қадим то замони мо омада расидааст. Қуроқ — лиёф ё порчае мебошад, ки аз онҳо ҷома ё яктаки дарвешу қаландарҳоро медӯхтанд, ки бо номҳои “мураққаъ” ё “хирқаъ” маъруф буд. Намояндагони тасаввуф низ ҳамин хирқаъҳоро ба бар мекарданд.
Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омўзиш душворию ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне пайдо мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намуда ҳунар омўзанд. Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омўзиш аст. Мекўшад ҳамеша чизеро омўзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад.
Саломат Мирзоева аз зумраи бонувони ҳунарманде мебошад, ки бо душвориҳо аз овони хурдӣ қуроқдўзиро аз модараш омўхтааст. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки ба ин ҳунари бостонӣ машғул асту ба ҷавондухтарон ба хотири рушду нумўъ ва аз байн нарафтан ин ҳунарро меомўзонад. Ў мегўяд, ки «агар ҷавондухтарон ба ин ҳунар дилбастагӣ дошта бошанд, тўли як ҳафта метавонанд онро аз худ намуда, дар рушди минъбадаи он саҳмгузор бошанд».
Бояд гуфт, ки дар ҳар як маснуоти қуроқдӯзӣ на фақат ҷиҳати эстетики, инчунин хусусиятҳои хоси маҳаллӣ низ ба инобат гирифта мешавад. Дар онҳо манзараҳои табиат, хусусиятҳои таҳҷоӣ, нақшҳои геометрӣ тасвир меёбанд. Ба василаи қуроқдӯзӣ нақшҳои қадимӣ, рамзу нишонаҳое, ки дар эҷодиёти мардум истифода шудаанд, зинда мегарданд. Ба василаи рангҳои матоъ бошад, мазмун ва ғояи ороиш ва нақшҳои тасвирӣ фасеҳ ва равшан зоҳир мегарданд. Дар замони муосир санъати қуроқдӯзӣ ба манзалати умумиҷаҳонӣ расида, хусусиятҳои хосаи фарҳангии ҳамаи халқҳоро инъикос мекунад.
Дар расми мардуми мо шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст: дӯхти навъи варақӣ, қуроқи, қӯӣ, осиёбӣ, қуроқӣ ба шакли омезиш. Ҳар яке аз ин навъҳо дорои маънии мушаххаси худ аст. Омезиши порчаҳои гуногунранг рамзи ба синни қӯшапирӣ расидани оилаи навбунёд ва сулҳу оромӣ миёни пайвандонро нишон медиҳад, - гуфт С. Мирзоева.
- Рўзе нест, ки мо бекор бошем, маҳсули дасти мо ҳамеша мавриди тавваҷҷуҳи ҳамагон қарор мегирад. Бо дастранҷи худ зиндагии худ ва фарзандонамро ба пеш бурда, то имрўз муҳтоҷи касе нагаштаем, -гуфт С. Мирзоева.
Шахси ҳунарманд ҳар як дақиқаи умрро ғанимат дониста онро ба бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае беомўзиш ё беомўзонидани касе бо ҳунар гузорад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медўзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад.
Зуҳрои Рустам аз ҷумлаи шогирдони ин бонуи ҳунарманд аст, ки нозукиҳои қуроқдўзиро аз ў омўхта истодааст. Ў ҳангоми суҳбат бо мо чунин гуфт: «Ба ҷавондухтарон тавсия медиҳам, омада ҳунар омўзанд, вақти пурқимати хешро самаранок истифода намоянд. Ба фикри ман, омўхтани қуроқидўзӣ бениҳоят шавқовар аст. Танҳо як бор омада дидан даркор асту бас, боқӣ худ мафтун шудаву хоҳиши омўхтанашро менамоӣ».
Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад ва онро ба насли наврасу ҷавон меросбарони оянда бояд омўзонид, то ҳунарҳои беҳамтои гузаштагонамон ба ояндагон ба як диди нав боқӣ монанд.

Ҳангома ДАВЛАТОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: