Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ15-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 677 нафар
Назарҳо: 1
![]() Бояд тазаккур дод, ки дар назди шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” аз моҳи июни соли равон маркази “Ваҳдати оила” амал мекунад, ки барои пешгирии хушунати оилавӣ ва ҳалли масъалаҳои равонию ҳуқуқии он равона карда шудааст. Моҳияти ташкили ин марказ ин пеш аз ҳама пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳалли саривақтиии муаммоҳои оилавӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, хушунати оилавӣ ва бохабар шудан аз ҳолати оилавии занони хонанишин, мусоидат барои ҳалли мушкилиҳои оила равона карда шудааст. Фаъолияти марказ бо тартиб ва шакли “Гардиши хона ба хона” ё “Пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ”–и занони фаъоли аъзои ҲХДТ ба роҳ монда шудааст. Дар назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Маркази оила бо номи «Пайроҳаи хушбахтӣ» амал мекунад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол 3 маркази таълимии касбомӯзии қолинбофӣ, адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ амал мекунад. Ҳамчунин бо Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз ҳамкорӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба танзими раванди муҳоҷират, таъмини муҳоҷирати бехатар ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.