Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қазияи Ховари Наздик ва акси садои он дар минтақаи мо

Қазияи Ховари Наздик ва акси садои он дар минтақаи мо

17-05-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
Қазияи Ховари Наздик ва акси садои он дар минтақаи мо
Шаби 10 маи соли равон қисмҳои низомии эронии дар Сурия воқеъбуда («Сипоҳи Қудс») ба мавқеи Артиши мудофиаи Исроил («ЦАХАЛ») дар баландии Ҷулон бо истифодаи 20 ракетаи идоранашавандаи системаи «Град» ва мушакҳои сохти эронии «Фаҷр» (ки бо истифодаи технологияи ҳарбии Кореяи Шимолӣ истеҳсол мешавад) зарба заданд. Чуноне ҷониби Исроил иттилоъ дод, 4 ракетаи партофтшударо системаи тактикии муҳофизати исроилии Iron Dome («Гумбази оҳанин») маҳв кард ва мушакҳои дигар то баландии Ҷулон нарасида, дар ҳудуди Сурия афтиданд. Дар навбати худ қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил даҳҳо иншооти ҳарбии эрониро дар хоки Сурия ҳадафи ҳамла доданд, ки тибқи баҳогузорӣ, бузургтарин ҳамлаи ин кишвар ба Сурия аз соли 1974 ба шумор меравад. Бино ба иттилои намояндаи расмии ЦАХАЛ генерал-лейтенант Ҷонатан Конрикос, қувваҳои зиддиҳавоии Сурия кўшиш карданд, ки тайёраҳои ҷангии исроилиро зада афтонанд, аммо муроде аз ин ҳосил нашудааст ва як қатор иншооти системаи муҳофизати зиддиҳавоии ин кишвар нобуд карда шуданд. Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки қисми бештари мушакҳои исроилӣ аз ҷониби Сурия нест карда шуданд, аммо исроилиҳо дар шабакаи интернет навори нест кардани системаи зиддимушакии сохти русии «Панцирь-С1»-ро, ки то ин замон аз ҷониби расонаҳо ва таҳлилгарони ҳарбии Русия «мағлубнашаванда» тавсиф мешуд, паҳн карданд. «Панцирь» бо истифодаи мушаки исроилии Spike NLOS («Тамуз») нест карда шуд.
Тибқи андешаи коршиносон, ба таври васеъ ворид шудани Исроил ба моҷарои Сурия ҳарчанд ба гумон аст ва исроилиҳо метавонанд гоҳ-гоҳе «аксияҳои ҷазодиҳанда» барои «ҳушёр кардани Башор Асад ва Эрон» доир кунанд, вале дар чунин сурат гирифтани ҳол вазъ метавонад ба куллӣ дигар шавад ва ҷанги Сурия берун аз маҳдудаи он баромада, минтақаи Ховари Наздикро ба хоку хуни бештар кашад. Исроил дорои артиши муосиртарину пурқувваттарини минтақа ва хадамоти махсуси пурқувваттарин («МОССАД»), ҳамчунин кишвари дорои силоҳи ҳастаист, ки тибқи тахминҳои таҳлилгарон адади он аз 200 то 400 кулоҳак мерасад, ки ин барои нест кардани минтақа кофист. Албатта, ҳеҷ каси солимфикр гумон намекунад, ки Тел-Авив тамоми минтақаро ба нестӣ хоҳад бурд, чунки худаш ин ҷо ҷойгир аст, вале коршиносон сенарияи истифодаи дақиқи чунин кулоҳакҳои ҳастаиро алайҳи душмани дерина-Эрон, ки ба тозагӣ дучори таҳримҳои нав шуд Амрико аз созишнома оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар хориҷ шудаву фишорҳоро сари он сахт кардааст, имконпазир медонанд. Аммо фикрҳо дар ин самт ягона нестанд.
Ин ҷо тақдири Сурияи фоҷиазада нигаронкунанда ҳаст. Дар кишвар чандин сол шуд ҷанг меравад ва садҳо ҳазор куштаву миллионҳо гурезаро ба бор овардааст. Дар ин фоҷиа кишварҳои мухталиф иштирок доранд ва ҳадафҳои худро пиёда месозанд. Эътироф шудааст, ки сабаби асосии ин ҷанг аҳдофи геополитикӣ ва манфиатҳои иқтисодист-пеш аз оғози он президенти Сурия Башор Асад бо яке аз бозигарони замони ахир фаъоли минтақа-Қатар оид ба гузаронидани хати интиқоли гази қатарӣ тавассути хоки кишвар ба Аврупо ба мувофиқа расида буд, вале ба ин тарҳ Эрону Русия зид баромаданд, чун онҳо низ кишварҳои бузурги содироткунандаи газ ҳастанд ва табиист, ки чунин «луқмаи болаззат» чун бозори аврупоиро аз даст додан намехостанд. Онҳо тавонистанд Асадро аз даст кашидан аз лоиҳаи қатарӣ маҷбур созанд ва ба ин қодир ҳам буданд-дар хоки кишвар пойгоҳҳои ҳарбии русӣ қарор доранд, ғайр аз ин, Башор Асад намояндаи шиаҳои алавист ва таъсири чунин кишвари қудратманди «теократии» минтақа-Эрон, ки равияи шиии исноашарӣ ва «вилояти фақеҳ» асоси идеологии давлатиаш аст, хеле таъсирбахш мебошад. Ҳарчанд миёни равияҳои исноашариву алавӣ тафовути чашмрас аст, вале дар «иҳотаи душманонаи суннӣ» инҳо иттифоқчии табиӣ ҳастанд.
Аммо қазияи мазкур сабабҳои дохилии иҷтимоии сар заданро низ дорад ва иштибоҳҳои худи ҳукумати Сурия низ то андозае ба аланга задани оташи он мусоидат намуданд. Солҳои 2006-07 кишварро хушксолии шадид фаро гирифт, ки 3 сол давом кард. Яке аз сабабҳои сар задани ин офатро коршиносон дар сиёсати нодурусти аграрии чандинсолаи ҳукумат дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ мебинанд, ки ба хароб шудани захираҳои обӣ ва биёбоншавии заминҳо оварда расонд. Аллакай дар соли аввали хушксолӣ ширкатҳои кишоварзии минтақаҳои шимолу ғарбӣ, ки тамоми кишварро бо ғалла ва ду сеяки истеҳсоли кишоварзиро дар кишвар таъмин мекарданд, ба буҳрон дучор шуданд. Ҳиссаи кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 25% (2003) то 17% паст шуд. Соли 2008 нахустин маротиба аз миёнаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ҳукумат маҷбур шуд, ки ғалларо аз хориҷ харидорӣ кунад. Дар як сол нарху навои ғалла, биринҷ ва хўроки чорвою дигар намуди анво боло рафт. Ҳаҷми истеҳсолот миёни кишоварзони миёнаву хурд ва чорводорон анқариб ба нестӣ расид. То моҳи феврали соли 2010 дар алоқамандӣ бо хушксолӣ ва баланд шудани арзиши хўроки чорво саршумори он қариб нест карда шуд. Ҳанўз соли 2009 СММ ва Ҳилоли Аҳмар хабар медоданд, ки дар натиҷаи хушксолӣ қариби 800 ҳазор одамон бе даромад барои зиндагӣ монда, то соли 2010 1 миллион нафар дар Сурия дар дами гуруснагӣ қарор гирифтанд.
Ин ҳолат мигратсияи дохилиро ба вуҷуд овард. Шумораи муҳоҷирон ба 1,5 миллион расид. Бисёри онҳо ба шаҳрҳо кўчиданд, ки бе ин ҳам аз рўи демографияи баланд (2,5% дар як сол) ва фавҷи гурезаҳои ироқӣ (1,2-1,5 миллион аз соли 2003 то 2007) азоб доштанд. То соли 2010 муҳоҷирони дохилӣ ва гурезаҳои иҷборӣ 20% аҳолии шаҳриро ташкил доданд. Агар соли 2002 аҳолии шаҳрии кишвар 8,9 миллион нафарро ташкил медод, пас то охири соли 2010 он ба 13,8 миллион расид, яъне якуним баробар зиёд гашт. Баъзе манбаъ чунин меҳисобанд, ки ба таври таҳдидовар зиёд гаштани аҳолии шаҳрӣ яке аз сабабҳои асосии сар задани моҷарои ин кишвар шудааст.
Маҳз аҳолии мунтазам зиёдшавандаи аз ҷониби ҳукумат ба тақдири худ вогузоштаи канорҳои шаҳрҳо бо хонаҳои ғайриқонунӣ сохтаи худ, инфраструктураи хароб, сатҳи баланди бекориву ҷиноят ба сарчашмаи эътирозҳо табдил гаштанд. Ҳамин тариқ, муҳоҷирати дохилӣ, ки ба касофати хушксолӣ сар зад, таъсири як қатор дигар омилҳоро, ки ба норозигии мардум овард-зиёд шудани сафи бекорон, фасод (коррупсия) ва нобаробарии иҷтимоӣ дар алоқа бо сиёсати бехирадонаи иқтисодии ҳукумат, ҳамчунин қодир набудани он ба зуд вокуниш додан ба ҳолатҳои фавқуллода.
Коршиносон мегўянд, ки «баҳори арабӣ» бо таъсири инқилобии худ он эътирозҳои шаҳрвандиро дар Сурия бедор кард, ки решаҳояш дар чунин қазияҳои дохилӣ, чун норозигии аҳолӣ бо сохтори сиёсӣ-иҷтимоӣ, ҳукмронии авторитарии Асад ва пештозии аққалияти мазҳабии алавӣ (12% аҳолӣ) дар сохтори давлатдорӣ ва ҳарбӣ, режими ҳолати фавқуллода, ки аз соли 1963 давом дорад, манфиатҳои қабилаҳо, тазйиқ ва қудратмандии хадамоти махсус, яккатозии ҳизби БААС, коррупсия, ихтилофҳои мазҳабӣ, «қазияи курдӣ» ва монанди ин нуҳуфтаанд.
Аммо Башор Асад, ки соли 2000 баъд аз падараш сари қудрат омад, ислоҳоти либералиро оғоз намуд. Дар кишвар баҳс (форум)-ҳои кушоди ҷамъиятӣ-сиёсӣ оғоз шуданд, ки дар он садҳо зиёиён иштирок мекарданд, авфи васеи сиёсӣ эълон карда шуд, «Ихвон-ул-муслимин», ки фаъолияти онҳо аз соли 1982 манъ буд (бояд гуфт, ки ҳукуматдорони суриягӣ ҳанўз аз солҳои 90-и қарни гузашта бо ин ташкилот ва дигар гурўҳҳои оппозитсионӣ алоқа барқарор карда, ҷонибдорони авфшудаи онҳоро дар кишвар истифода мебурд) «зинда» шуданд. Вақте дар ВАО-и хусусӣ замони ҳукмронии Ҳофиз Асад зери танқиди шадид кашида шуд, Башор изҳор дошт, ки Сурия дар самти демократиякунонии давравӣ ва ислоҳот хоҳад рафт, аммо талаботи баъзе гурўҳҳоеро, ки «аксарияти мардумро ифода намекунанд», иҷро нахоҳад кард.
Ин ҷо бояд зикр кард, ки новобаста аз мушкилоти зиёди ҷойдошта ба ҳар ҳол вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Сурия дар муқоиса бо Миср ва Тунис, ки «баҳори арабӣ» ба вожгун шудани элитаи ҳукмрони онҳо оварда расонд, ба таври мусбӣ фарқ мекард. Тибқи иттилои Хазинаи Байналмилалии Асъор дар соли 2010, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба сари як нафар аҳолӣ дар Сурия 4800 долларро ташкил дода, рушди ММД солона 2,3 фоиз буда, сатҳи бекорӣ 20% (тақрибан чун Испания) миёни калонон ва 30% байни ҷавонон (дар Тунис 50%) буд. Барои ҷамъияти суриягӣ сатҳи баланди маърифатнокӣ хос буда, давомнокии умр то 70 сол мерасид.
Кўшишҳои Башор Асад, яъне ҳам ба кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс, ҳам ба кишварҳои Ғарб, ҳам Туркия, ҳам Русияву Эрон, ки ахирӣ дар минтақа «манфиатҳои ҷонӣ» дорад ва ҳам ҳизбу ҳаракатҳои гуногун муросо кардан ҳосиле ба бор наовард. Дар Сурия манфиатҳои бисёр абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ ба ҳам бархўрданд, ки акнун ў коре карда наметавонист.
Барои ин замина ҳам буд-новобаста аз гуногунфарҳангияти кишвар, мавҷуд будани адёни мухталиф, ки солҳо БААС кўшиш мекард мувозинатро миёни онҳо пойдор нигаҳ дорад, ҷамъ шудани риштаҳои ҳукмронӣ дар дасти ҳамагӣ 12% алавиҳо ба мазоқи дигарон, бахусус суннимазҳабон, ки қисми бештари аҳолиро ташкил медиҳанд, ҳеҷ рост намеомад. Дастандаркорони хориҷӣ барои оташи фитнаро афрўхтан анна аз ҳамин «нозукӣ» хуб истифода бурданд. Ҳар кас мехост фишангҳои идориву иқтисодиро дар даст дошта бошад. Ғайр аз ин, зиёд шудани қазияҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ки зикрашон дар боло рафт, ба кўраи ин моҷаро равғани нав мерехт. Ин ҷо боз манфиатҳои қабилаҳои гуногуни арабии кишвар, курдҳо, ки дар шимоли кишвар кайҳост федератсияи миллии худро сохтан мехостанд, ақалияти мазҳабии насрониҳо ва дигару дигар ба ҳам омада буданд. Сараввал мухолифин дар симои Артиши озоди Сурия дунявият дошт, вале дар баробари рўйи кор омадани ташкилотҳое чун ДИИШ, Ҷабҳат-ан-Нусра, Ҷайш-ул-Ислом ва дигарҳо, ки террористӣ эълон шудаанд, авлавият ба дасти гурўҳҳои ҷангии исломӣ гузашт. Албатта, ҳеҷ кас ошкоро аз дастгирии худ аз ин гурўҳҳо, махсусан ДИИШ эълон намекунад, коалитсияи ғарбӣ ҳанўз аз соли 2014 ба бомбаборонкунии он оғоз карда буд, вале муваффақиятҳои пешинаи ин гурўҳи террористӣ, ки дар сафи худ даҳҳо ҳазор ҷанговаронро аз 70 кишвари дунё ба ҳам овардаву аз лавозимоти ҷанғӣ мушкилӣ надошт, инро зери шубҳа мегузорад. Давлатҳои Халиҷ дар ин майдони набард алайҳи ҳарифи минтақавии худ-Эрон меҷанганд, Исроил низ ба ҳукуматҳои ҳозираи Сурияву Эрон хушбин нест, Туркия ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, ки дар сарҳадҳои худ минтақаи озоди курдиро дошта бошад ва шимоли Сурияро ҳавзаи манфиатҳои худ мешуморад (айни замон ин кишвар дар шимол ҳузури низомӣ дорад ва алайҳи курдҳои суриягӣ амалиёти ҷангӣ мегузаронад), Русияву Амрико дар ин ҷо ҳадафҳои геополитикӣ доранд, ки ин ба кўраи ҷанги минтақавӣ равғани тоза мерезад. Ҳадафи аслии «бозии Сурия» мақсадҳои иқтисодист. Таъсири геоэкономика аз геополитика, албатта, болотар аст, чун дар асоси сиёсат маҳз иқтисодиёт қарор дорад ва сиёсат бидуни иқтисодиёт ҳеҷ аст. Файласуф ва назарияшиноси маъруфи олмонӣ Карл Маркс низ дар асари машҳури худ-«Капитал» ин мавзўро хеле хуб шарҳ додааст.
Қурбони ҳамаи ин бозиҳо мардуми оддӣ аст, ки миллионҳо нафар бехонумон шуда, кишварро тарк мекунанд ва ин ҷанг садҳо ҳазор куштаву маҷрўҳро ба бор оварда…
Такя бар изҳороти охирини шадиди президенти ИМА Доналд Трамп ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу оид ба барномаи ҳастаии Эрон ва ҷорӣ намудани таҳримҳои нав вазъи минтақа боз ҳам мураккабтар шуда, хавфи васеъ шудани моҷарои низомиро ба бор меорад, ки мутаассифона ба бадбахтиҳои зиёд мувоҷеҳ шудани аҳолии ғайринизомӣ, фавҷҳои нави гурезаҳо ва сар задани садамаи гуманитарӣ метавонад расонад.
Рақобати кишварҳои мухталиф, махсусан кишварҳои Халиҷ, Туркия ва Эрон ҳарчанд аз нигоҳи аввал ҷомаи идеологӣ («муқовимати суннӣ-шиа») дошта бошад ҳам, сабабҳои аслии онҳо, чуноне дар боло зикр кардем, сирф иқтисодӣ ҳастанд-рақобати истеҳсолкунандаҳои маводи сўхт ва талош барои соҳиб шудани бозори ҷаҳонӣ. Манфиат аст, манфиат, дигар ҳама ҳеҷ. Таърих собит кардааст, ки паси шиорҳои баландпарвозу зебо, чун «мубориза баҳри дин, ҳимоят аз мазҳаб ва бародарони ҳамдин», ғазовот, юришҳои салибиву амсоли ин маҳз лоиҳаҳои иқтисодӣ буданд, ки афроди зирак онҳоро роҳандозӣ мекарданду тўдаи нофаҳм мафтуни суханҳои воло шуда, ҷонҳои худро мебохтанд…
Оид ба занҷираи ҳаводиси хунини Либия, Сурия, Яман, Фаластин, «баҳори арабӣ»-ву умуман қазияи Ховари Наздику Африқои Шимолӣ ва бозиҳои геополитикӣ мо дар матлабҳои пешин муфассал гуфта будем.
Барои мо ташвишовар ин аст, ки тибқи маълумот, баъд аз даст рафтани мавзеҳои ишғолкардашуда ва бохт дар ҷабҳаи Сурия ҳазорҳо ҷанговарони ДИИШ ба ҳамсоякишвари мо-Афғонистон интиқол дода шуданд, ки дар шимоли мамлакат ҷамъ омада, ба сарҳадҳои ҷанубии ИДМ хатар эҷод мекунанд. Дар хоки ин давлати мусибатзада бозии нави геостратегӣ рўйи кор меояд. Ин ҷо акнун нақшҳо иваз мешаванд. Оид ба вазъи муташанниҷи Афғонистон ва сарҳадҳои ҷанубии ИДМ Сарвари давлати мо борҳо ҳушдор дода буданд ва ин қазия ҷиддӣ буда, аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ диққати махсус мехоҳад, чун ба амнияти кулли минтақа хатар дорад.
Ҳамин тариқ, мебинем, ки вазъи баамаломада ҷиддӣ буда, ҳамдастӣ ва муттаҳидии кишварҳои пасошўравии моро, ки дар созишномаҳову аҳдномаҳои муштарак якҷоя қарор доранд, талаб мекунад.
Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: