Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Сочӣ баргузор хоҳад шуд

Даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Сочӣ баргузор хоҳад шуд

16-05-2018, 09:33
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0

Даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Сочӣ баргузор хоҳад шуд

Даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Сурия моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти муштараки Русия, Туркия ва Эрон, ки рӯзи 15 май нашр шуд, зикр гардидааст.

Дар изҳороти муштараки се кишвар омадааст, ки ҷонибҳо ба мақомоти Қазоқистон "ба хотири баргузор кардани даври нуҳуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар шаҳри Остона" изҳори сипос мекунанд. Ин се кишвар ба хулоса расиданд, ки даври навбатии гуфтугӯҳо моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор шавад.

Ержан Ошиқбоев, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар поёни гуфтугӯҳо изҳор дошт, ки "баргузории даврҳои дигари музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Остона аз эҳтимол дур нест".

Мақомоти Қазоқистон пештар хабар доданд, ки ИМА дар даври нуҳуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Остона ширкат намекунад.

Эрону Русия аз ҳукумати президенти Сурия Башор Асад ва Туркияву ИМА гуруҳҳои гуногуни шӯришгаронро ҳимоят мекунанд. Дар ҷангҳои Сурия, ки аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ идома доранд, беш аз 330 ҳазор одам кушта ва миллионҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: