Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурия то охири август дар Остона баргузор мешавад

Даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурия то охири август дар Остона баргузор мешавад

8-08-2017, 15:09
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурия то охири август дар Остона баргузор мешавад
Даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, тавре интизор меравад, то охири моҳи август дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир хоҳад шуд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов хабар дод.
Вай гуфт, дар ин рӯзҳо коршиносони кишварҳои кафил - Русия, Туркия ва Эрон - дар шаҳри Теҳрон гирди ҳам омада, мавзуи гуфтугӯи даври навро мушаххас мекунанд.

Моҳи гузашта дипломатҳои Русияву Эрону Туркия баъди мулоқоти дурӯза дар Остона натавонистанд, ки дар мавриди ҷузъиёти таъсиси "минтақаҳои амн" дар Сурия ба созиш расанд. Ин минтақаҳо бо ташаббуси Русия дар бархе аз минтақаҳои Сурия таъсис хоҳанд шуд.

Русия артиши президент Башор Асадро кӯмак мекунад, Эрон низ аз Асад дар ҷанги зидди мухолифон пуштибонӣ менамояд. Аммо Туркия қисме аз мухолифонро дар Сурия ҳимоят мекунад.

Ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Русия гуфт, дар мавриди таъсиси минтақаҳои амн бо мухолифини Сурия ба созиш расидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: