Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҲИ ИЛМ ҲАМВОР НЕСТ

РОҲИ ИЛМ ҲАМВОР НЕСТ

16-05-2018, 08:39
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
РОҲИ ИЛМ ҲАМВОР НЕСТ

Аз қадимулайём маълум аст, ки роҳи илм тахту ҳамвор набуда, пуршебу фароз мебошад. Таърихи ҳаёт ва зиндагиномаи садҳо мутафаккирон, олимону шоирон ва эҷодкорон дурустии ин нуктаро собит намудааст. Ҳанӯз соли 1872 Карл Маркс дар муқаддимаи нашри франсузии асари худ “Капитал” навишта буд: “Дар илм шоҳроҳи васеъ нест ва фақат он кас ба қуллаҳои дурахшони он расида метавонад, ки аз душвориҳо натарсида, ба пайраҳаҳои сангини он хазида мебарояд”. Ин ҳақиқати бебаҳс аст ва онҳое, ки ин роҳро худ тай кардаанд, хеле хуб медонанд.
Халқи тоҷик яке аз халқҳои қадима ва тамаддунсози Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ба ҷаҳониён садҳо орифону шоирон, олимону мутафаккирон ва сиёсатмадоронро додааст. Осори гаронбаҳои илмию адабии садҳо бузургони халқи тоҷик далели равшани гуфтаҳои боло мебошад. Дар асрҳои гузашта олимону мутафаккирон танҳо дар натиҷаи таҳсилоти пайваста (таҳсилоти ибтидоӣ ғолибан дар муҳити хонавода, сабақомӯзӣ дар назди устодони зарбардаст, таҳсил дар мадорис) заҳмату бедорхобиҳо, сафардидаҳову пажӯҳишҳо аз худ асарҳои мондагор мерос гузошта, нобиғаҳои замони хеш гардиданд, ном ва корномаҳои онҳо аз насл ба насл гузашта, онҳо то имрӯз вирди забони мардум мебошад ва то замоне, ин миллат, забон ва фарҳангаш боқист, номи онҳо дар хотираҳо низ зиндаву ҷовид хоҳад монд.
Дар ҳақиқат, замони шӯравӣ барои миллати мо дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ як ҷаҳишеро мемонад. Хусусан, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ – омӯзгории тахассуси олӣ як таҷриба ва механизми суфтаву озмудашудае роҳандозӣ гардида буд. Ба интихоби олимони оянда, диққати ҷиддӣ дода мешуд ва танҳо донишҷӯёни болаёқату аълохон барои идомаи таҳсил ва пажӯҳиши илмӣ ба аспирантура роҳхат мегирифтанд. Ба интихоби мавзӯи рисолаҳои илмӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Асосан, ба он ихтисосҳо ва равияҳои илм диққат дода мешуд, ки талаботи ҷомеа ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқи мамлакат ба онҳо бештар буд. Мутаассифона, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ ин механизми муназзам дарҳам шикаст ва алоқаву робитаҳои байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, марказҳо ва ҳавзаҳои илмии ин давлати абарқудрат қатъ гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби фалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ ба буҳрони шадид дучор гардид. Аксарияти мутахассисони русзабон, олимону донишмандони соҳибмактаб, фарҳангиён, эҷодкорон ва ғайра вазъиятро дида, ҷумҳуриро тарк карданд. Як навъ фирори мағзҳо ба вуҷуд омад, ки барои ҳаёти иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангии ҷумҳурии тозаистиқлоламон оқибатҳои манфӣ ба бор овард.
Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ авзои мураккаби сиёсӣ-иҷтимоӣ ба эътидол оварда шуда, сулҳу субот дар кишвари азизамон пойдор ва марҳила ба марҳила устувор гардида, пояҳои давлатдории миллиамон мустаҳкам шуданд. Дар ин замина, тадриҷан, шароит ва имконият барои рушди илму маориф аз нав фароҳам омад, дар кишвар садҳо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохта шуданд, теъдоди муассисаҳои олии таълимӣ сол аз сол зиёд шуда, ба 39 расид. Мусаллам аст, давлате, ки ба рушди илму маориф таваҷҷуҳ намекунад, бақо надорад. Беҳуда Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро яке соҳаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон нанамудааст.
Чи тавре ки дар боло ишора гардид, дар замони шӯравӣ тамоми раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ аз Маскав идора мегардид. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аксарияти ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ин ҷода мустақилияти хешро эълон карда, комиссияҳои олии аттестатсионии худро таъсис доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, танҳо соли 2014 ба ин иқдом намуда, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КОА)-ро таъсис дод, вале робитаашро аз КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия пурра накандааст. Алҳол дар радифи шӯроҳои диссертатсионии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар КОА назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия 22 шӯроҳои диссертатсионӣ амал мекунанд.
Баъди таъсиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву тасдиқи як зумра асноди меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти он, раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ оғоз гардид ва дар ибтидо он ба як мусобиқа шабоҳат дошт. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ шумораи дархостҳо барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ба 122 расид. Дар ибтидо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ниҳоят дар сатҳи паст, пурғалат ва бидуни риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод мешуданд. Бо дарназардошти ин ҳолати нигаронкунанда роҳбарияти КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур гардид, ки бо проректорони илм, котибони шӯроҳои олимони мактабҳои олии таълимӣ, роҳбарону котибони илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ якчанд маротиба семинар - машваратҳои корӣ гузаронида, талаботи Низомномаи намунавии шӯрои диссертатсиониро шарҳу тавзеҳ диҳад. Хусусан, таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ дар самти илмҳои геология, педагогика, иқтисодиёт, физикаю математика душвориҳои зиёдеро ба миён овард. Бинобар ин КОА зарур донист, ки бо мутахассисони варзидаву маъруфи ин соҳаҳо дар алоҳидагӣ ҷаласаҳои корӣ гузаронад. Аз чи бошад, ки майлу хоҳиш ва саъю талошҳои олимони мо барои ишғоли вазифаи раиси шӯрои диссертатсионӣ бештар мушоҳида шуда, барои ба мақсад ноил гаштан баъзан аз роҳу равишҳои носавоб низ кор мегирифтанд. Дар ин гуна ҳолатҳо роҳбарияти КОА ва шуъбаҳои он аз онҳо танҳо риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро талаб намуда, баъзе дархостҳоро то 3-4 маротиба ва аз он ҳам бештар барои такмилу бозбинӣ ба муассисаҳо гардонида буданд. Ҳамин тариқ, мо тавонистем, ки ин равандро то ҳадде муътадил гардонида, ҳадафмандона роҳандозӣ намоем. Дар натиҷа, аз теъдоди зиёди дархостҳо танҳо 42 дархост қонеъ карда шуд.
Алҳол дар ҷумҳурӣ 67 шӯроҳои диссертатсионӣ амал мекунанд, ки аз рӯйи 190 ихтисос метавонанд диссертатсияҳоро барои ҳимоя қабул намоянд. Аз ин теъдод 42 шӯроҳои диссертатсионӣ ба КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 шӯро ба КОА Федератсияи Россия ва 3 шӯрои дигар ба КОА Ҷумҳурии Қирғизистон тааллуқ доранд. Барои қиёс соли 1992 дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамагӣ 40 шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи 78 ихтисос амал мекард. Ин далел гувоҳи он аст, ки КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои ин ҷараён корро дуруст оғоз кардааст ва минбаъд низ талаботро боз ҳам ҷиддитару қавитар менамояд.
Агар рақамҳои болоро таҳлил намоем, бароямон аниқу рӯшан мегардад, ки алҳол дар Тоҷикистон 3 шабакаи низоми комиссияҳои аттестатсионӣ амал карда истодааст: КОА Федератсияи Россия, КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА Ҷумҳурии Қирғизистон. Бояд рӯйирост иқрор шуд, ки идома ёфтани ин ҳолат чандон ба манфиати кор набуда, аз як тараф, ин раванд сеҳокимиятро қувват бахшида, танзиму идораи ин ҷараёнро душвор гардонад, аз ҷониби дигар, яқинан ба коста шудани сифати кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ ва диссертатсияҳои ҳимояшаванда оварда мерасонад. Бинобар ин, пеши роҳи ин номуайянӣ бояд ҳарчи тезтар гирифта шавад.
Мавқеи Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин маврид возеҳу рӯшан аст: мо бояд дар раванди таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳем ва мубрамияти онҳо ва ҳамзамон теъдоди барои кишвар зарурии мутахассисони дорои тахассуси олӣ дар ин ё он соҳаро ҳатман ба назар гирем. Ҳолатҳое низ буданд, ки дархост оид ба таъсиси баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар ҷумҳурӣ ба он чандон ниёзмандӣ вуҷуд надошт, аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешуд. Вале баъди гузаштани чанд муддат маълум мегардид, ки он аз тарафи КОА Федеретсияи Россия ё Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шудааст. Вақти он расидааст, ки мо ба ин дуҳокимиятиву сеҳокимиятӣ хотима бахшем ва акнун бояд Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ мавқеашонро рӯшан намоянд. Ба андешаи мо дар ин лаҳзаҳои барои муҳити илмӣ-академии кишвар басо мураккабу ҳассос, ки боиси ба миён омадани андешаҳои мухталиф ва баҳсу мунозираҳои доманадор гашта, дар ин замина манфиатҷӯии баъзе афроду гурӯҳҳо боло гирифтааст, мо бояд танҳо аз мавқеи истиқлолияти воқеии илмию фарҳангӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ ва тақдири ояндаи илми ватанӣ баромад намуда, Комиссияи олии аттестатсионии ҷумҳуриамонро ҳаматарафа мустаҳкам намоем. Танҳо КОА миллӣ метавонад пуштибони манфиатҳои миллию давлатӣ, ҳимоятгар ва тарғибгари болоравии сатҳу сифати кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ ва диссертатсияҳои ҳимояшаванда бошад. Бинобар ин, пеш аз ҳама зарур аст, ки КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи зидди асардуздӣ (антиплагиат), техникаи пуриқтидори компютерӣ ва дигар таҷҳизоти техникии муосир ҷиҳозонида шавад. Дар акси ҳол, хатари боз ҳам зиёд шудани асардуздӣ (плагиат) боқӣ мемонад. КОА ҶТ ҳамеша ҷонибдори он аст, ки шӯроҳои диссертатсионӣ бо истифодаи мутахассисони ҷумҳуриҳои ҳамсоя танҳо аз рӯйи ихтисосҳои нодире, ки мутахассисони худӣ намерасанд, таъсис дода шаванд. Ҳамчунин, дар ҳама ҳолат, мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар таъсиси шӯроҳои диссертатсионии дохиливу берунӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ бояд бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман дар тамос ва мувофиқа бошанд.
Таҷриба ва амалияи фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ возеҳ нишон дод, ки муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар таъсиси баъзе шӯроҳои диссертатсионӣ ба шитобкорӣ роҳ дода, зарурати воқеии онҳоро ҷиддӣ ва ҳаматарафа наомӯхтаанд вагарна чаро аз таъсиси баъзе Шӯроҳои диссертатсионӣ 5-7 моҳ ва ҳатто як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз ягон ҳимоя доир нагардидааст. Шӯроҳои диссертатсионие, ҳастанд ки дар онҳо ихтилофу низои байни аъзо ҷой дошта, муҳити носолиму ғайрикорӣ ҳукмфармост. Дар ин гуна ҳолатҳо КОА ҳаргиз бетараф буда наметавонад ва нисбат ба чунин шӯроҳо албатта чораандешӣ хоҳад кард.
Баъди фошкориҳои “Диссернет”- як ниҳоди ҷамъиятии Федератсияи Россия, дар ҷомеаи илмӣ-академии кишвар сару садоҳо баланд шуд ва муқобилону тарафдорони зиёдеро ба вуҷуд овард. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои асоси он аттестатсияи кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахасуси олӣ мебошад, ҳама гуна плагиат, яъне аз муаллифони дигар нусхабардории айнан ва бе нишон додани сарчашмаи иқтибосро маҳкум намуда, то ҷое, ки имконият дорад, пеши роҳи онро мегирад. Ҳамзамон, Комиссия аз мавқеи онҳое, ки аз фошкориҳои пойгоҳи “Диссернет” табли шодӣ зада, дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёҳ карданианд, ҳаргиз пуштибонӣ намекунад.
Илм нусхабардории беинсофона, аз худ кардани андешаи муаллифи дигарро ҳаргиз намепазирад ва барои чунин кирдор тибқи қонунгузорӣ дар кишварҳои мутамаддин, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҷозот таъин шудааст. Мо бояд ҳатман тадбиру механизмҳоеро биандешем, ки шахсони нолоиқ ва тасодуфӣ ба илм роҳ наёбанд ва пеши роҳи ҳама гуна омилҳои тавлидкунандаи коррупсия гирифта шавад.
Аламовар ва ҷойи изтироб аст, ки имрӯзҳо як навъ фабрикаи “истеҳсоли” диссертатсияҳо дар муҳити илмӣ-академии кишвар фаъол аст ва иттилооти “Диссернет” то як андозае ба ин нукта далолат ҳам мекунад. Бархе аз олимон бизнеси илмро барои худ пеша карда, ба навиштану таҳриру фурӯши диссертатсияҳо машғул мебошанд. Ҷойи таассуф ва боиси нигаронист, ки баъзе раисони шӯроҳои диссертатсионӣ аз он истиқбол менамоянд, ки ин хиёнат ба илм буда, бояд мо аз он ҷилавгирӣ намоем. Он рӯз дур нест, ки чунин ашхос, албатта, ошкор гардида, шармандаву шармсор ва беобрӯ мегарданд.
Муссалам аст, ки ин кори осон набуда, танҳо вазифаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Комиссия дар танҳоӣ аз уҳдаи ин кори мушкил баромада наметавонад. Дар ин кори мушкилу барои тақдири ояндаи миллат сарнавиштсоз бояд ҳама- аз шаҳрвандони қаторӣ, донишҷӯён то олимони саҳибунвони кишвар масъулият дошта бошем ва дар як ҷабҳаи муқовимат муттаҳид шавем.

А. Розиқзода,
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: