Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Муждаи нав дар соли 2017. ФФТ бо номи «Футбол» шабакаи телевизионӣ мекушояд

Муждаи нав дар соли 2017. ФФТ бо номи «Футбол» шабакаи телевизионӣ мекушояд

27-01-2017, 13:13
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Муждаи нав дар соли 2017. ФФТ бо номи «Футбол» шабакаи телевизионӣ мекушояд

ДУШАНБЕ, 27.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ФФТ ба қароре омад, ки бо номи «Футбол» шабакаи нави варзишӣ таъсис диҳад. Тавре сомонаи рамии ФФТ иттилоъ медиҳад, ин шабака танҳо футболро дар бар мегирад ва бо тарҳи HD пахш мегардад.
Телевизиони «Футбол» -и ФФТ на танҳо бозиҳои дастаи мунтахаби мамлакат ва Лигаи миллии футбол (Лигаи олӣ ва якум), балки чемпионатҳои кишварҳои Осиё, мусобиқоти Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Лигаи Аврупо, бозиҳои Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, Серияи «А»-и Италия ва бозиҳои ҷолиби чемпионатҳои кишварҳои дигарро низ пахш мекунад.
Дар телевизиони «Футбол» ҳамчунин дар бораи ситораҳои футбол, клубҳои машҳур ва дастаҳои мунтахаб наворҳо пешкаши тамошобинон мегарданд.
Алҳол корҳои омодагӣ ба ифтитоҳи ин шабака идома доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: