Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ иди калони футбол барпо мегардад!

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ иди калони футбол барпо мегардад!

31-01-2017, 13:57
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Варзишгоҳи марказӣ иди калони футбол барпо мегардад!
Имрӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт иди калони футбол барпо мегардад. Чемпиони Афғонистон «Шоҳин Асмоӣ» ба ҳайси мизбон барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон- «Ҳосилот»-и Фархорро дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) қабул мекунад. Бозӣ соати 15:30 оғоз мешавад.
«Шоҳин Асмоӣ» дар таърихи футболи Афғонистон ҳамчун чемпион бори аввал дар мусобиқаи бонуфузи футболи Осиё иштирок мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор низ ба ин мартаба бори аввал расидааст. Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол «Ҳосилот» имкон дорад бо дастгирии мухлисони сершумораш аз натиҷаи ду вохӯрӣ, ки дуюмаш низ дар ҳамин майдон 7 феврал мегузарад, ба бозиҳои ояндаи плей-офф гузарад.
Дар робита ба бозиҳои нахустини плей-оффи Ҷоми КФО дирӯз дастаҳои «Шабоб Алхалил»-и Фаластин бар «Алсувақ»-и Уммон бо натиҷаи 2:1, «Ҳоум Юнайтед»-и Сингапур бар «Пномпен Кроун »-и Камбоҷа дар сафар бо натиҷаи 4:3 ғолиб омаданд.
Имрӯз ҳамчунин дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон, «Коломбо» -и Шри Ланка бо «Моҳун Баган»-и Ҳиндустон ва «Симпу Сити»-и Бутан бо «Валенсия»-и Малдив вориди рақобатҳои аввалин мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: