
Дар Озмун тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият ва синну сол бо пешниҳоди асарҳои тозаэҷод ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Озмун дар жанрҳои овозхонӣ; навозандагӣ-созҳои миллӣ, аврупоӣ; хореография-(якка, гурӯҳӣ); ровӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти беҳтарин суруду оҳангҳо ва номераҳои рақсии тозаэҷод даъват менамояд.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, ҳадаф аз баргузории jзмун фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав-овозхонҳо, навозандагон, раққосон, тарғибу ташвиқи ҳунару истеъдодҳои асил, муаррифии санъату ҳунари миллии тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Дар Озмун тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият ва синну сол бо пешниҳоди асарҳои тозаэҷод ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Озмун дар жанрҳои овозхонӣ- (яккахон, гурӯҳӣ); навозандагӣ-созҳои миллӣ, аврупоӣ; хореография-(якка, гурӯҳӣ); ровӣ гузаронида мешавад.