Озмуни «Ҷоизаи мусиқии Боб» ҷамъбаст мегардад20-09-2018, 12:00
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Маркази Фарҳангии «Бохтар» бо дастгирии дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Cафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тселл ва Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни миллии суруди аслии «Ҷоизаи мусиқии Боб» баргузор менамояд. Тавре, ки ташкилкунандагони озмун мегӯянд аз 1-уми май то 15 августи соли 2018 қабули аризаҳо барои иштирок дар озмуни мили суруди аслии «ҷоизаи мусиқии Боб» анҷом дода , ҷавонони аз сини 16 то 28 сола имконияти пешниҳод намудани аризаро дар сомонаи www.bobmusicaward.tj пур кардани саволнома, бор кардани матн ва видео бо иҷрои суруди муалифӣ доштан, 45 ариза қабул гардид. Асосан аризаҳо аз иштирокчиёни истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳамчунин аризаҳо аз вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Хоруғ қабул шуданд. Интихоби иштирокчиён, ки ба давраи ниҳоии озмун гузаштанд, аз ҷониби аҳкамони салоҳиятдор бо гӯш кардани ҳамаи аризаҳои мувофиқ ба шартҳои озмун анҷом дода шуд. Ҳадафи лоиҳа дастгири сарояндагони мусиқавии ҷавонон намояндагикунандаи фарҳанг ва услуби мухталифи мусиқӣ буда, ҳамчунон яке аз вазифҳои асосии лоиҳа илҳом бахшидани мусиқичиён ва сарояндагон ба навовариҳои бадеӣ, эҷодиёт ва ҳамзамон ҷалб намудани диққат ва фарҳанги Тоҷикистон ба саросари олам мебошад. Лоиҳа барои ҳифз намудан ва рушди анъанаҳои ватании мусиқӣ ва тамоюлҳои мусиқӣ бо роҳи нишон додани хусусиятҳои инноватсионӣ ва серамали онҳо ба оммаи васеъ кӯмак мерасонад. Озмуни мили суруди аслии «ҷоизаи мусиқии Боб»- ба имконияти муоширати эҷодӣ миёни мусиқичиён , мубодилаи таҷриба ва ошкор намудани истеъдоди ҷавонон, инчунин ошкор намудани истеъдодҳои нав: сарояндагони алоҳида, дастаҳои мусиқӣ, ҳам касбӣ ва ҳам худомӯзон мусоидат мекнад. Кансерти башукӯҳи Озмуни мили суруди аслии «Ҷоизаи мусиқии Боб» саннаи 29 сентяб соати 17:00 дар Филармонияи мили Тоҷикистон баргузор мегардад. Даромад озод буда, мухлисон меонед чиптаҳоро аз хазинаи филармония ройгон ба даст оранд. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.