Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дивали – ҷашни рушноӣ ва муҳаббат

Дивали – ҷашни рушноӣ ва муҳаббат

21-10-2017, 13:49
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Дивали – ҷашни рушноӣ ва муҳаббат
Дар Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон бахшида ба фестивали миллии мардуми ҳинду саросари ҷаҳон - «Дивали» бо иштироки меҳмонон, фаъолони кишвар ва васоити ахбори омма барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони «Мо ба фарҳанги ҳамдигар арҷ мегузорем» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош оғоз намуда, иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда, ки баёнгари таърихи қадим ва фалсафаи хеле аҷиби Ҳиндустон асту яке аз ҷашнҳои бузурги ин мамлакат ба шумор рафта, дар он хислату рафтори башардӯстона инъикос гардидааст, табрик намуд. Калимаи «Дивали» аз забони санскритӣ буда, маънояш «шуълаи оташ» мебошад ва онро фестивали оташ низ мегӯянд, ки нишона аз гармӣ, меҳру муҳаббат, ғолибияти қувваи некӣ бар бадӣ ва рушноӣ бар торикӣ аст. Дар мавриди ин ҷашн қисса ва боварҳои мухталифе дар саросари кишвари Ҳиндустон паҳн шудаанд ва он дар минтақаҳои гуногун ҳар хел ҷашн гирифта мешавад. Баъзе аз мардуми ҳинд онро бо бовари баргашти Худо-Рам пас аз ҳафт соли чилланишинӣ ва фурӯзон кардани ӯ оташро, баъзеи дигараш ғолибияти Худо -Киришна бар дев – Наракасура ва ғайра, ҳамчун аломати бузургии кувваи некӣ нисбат бар бадӣ ҷашн мегиранд. Бинобар, дар ин рӯз дар кишварҳои ба монанди Ҳиндустон, Бангладеш, Шри-Ланка, ки пайравони индуизм зиндагӣ доранд, тамоми кӯчаву бозорҳо, хонаю ҷойҳое, ки аҳолӣ умр ба сар мебаранд, чароғ рӯзу шаб фурӯзон нигоҳ дошта мешавад.
Аммо агар мутобиқ ба замону вақт бигирем, имрӯз ин ҷашн ҳамчун нишонаи сулҳу дӯстӣ ва муҳаббату рафоқат байни халқҳои тамоми дунё қобили қабул аст, зеро чуноне ки дар боло зикр кардем, ин фестивал ҳамеша баёнгари таҷлили пирӯзии дустӣ бар душманӣ аст. Чуноне ки мо бо ҷониби Тоҷикистон ҳамеша робитаи дустӣ доштем ва он дар қалби таърих реша дорад. Ин рафоқат аз таҷлили чунин рӯзҳо , арҷ гузоштан ба фарҳангу одоби ҳамдигар ва дигар паҳлӯҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ намоён мегардад, - гуфт ҷаноби Сомнатҳ Гош дар баромадаш.
Ҳамин тавр, дар охир иштирокчиён аз барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ болидахотир гардида, барои ташкилкунандагони он сипоси беандозахудро баён доштанд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: