
Панҷ. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон таҳти шиори «Пешвои миллат- ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар толори варзишии муассисаи таълимии №2-и ноҳия байни муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи тенниси рўи миз баргузор гардид. Дар ин мусобиқаҳо 5 дастаи духтарон ва 5 дастаи писарон қувваозмоӣ намуданд. Дар оғози мусобиқа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҳизб, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва кормандони бахши ҷавонон ва варзиш, омўзгорону масъулини дигар таълимгоҳҳо ва хонандагон иштирок доштанд.
Ҳамзамон, дар майдончаи варзишии шаҳраки Панҷ ба муносибати Соли ҷавонон байни 12 даста мусобиқаи бозии футболи хурд доир гардид.
Баъди анҷоми ин мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ғолибон бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Доир намудани чунин чорабиниҳо барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дўстии байни ҷавонон мусоидат менамояд.
Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.