Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим

Ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим

25-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
Ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солимБа истиқболи Наврӯзи ҳуҷастапай Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, Ҷамъияти варзишии иттифоқҳои касабаи ноҳия ва мактаби варзишии ноҳия мувофиқи нақшаи чорабинӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ мусобиқаи футболро гузаронид. Дар мусобиқа 18 даста иштирок карданд. Мусобиқаи мазкур аз 12-уми март то 17-уми март идома ёфт.

Рақобат байни тимҳои футболи навоҳӣ тезу тунд ва шавқовар шуда гузашт. Маълум буд, ки ҷавонон ташнаи чунин мусобиқаҳои варзишӣ буданд.

Аз рӯзи аввали мусобиқа тими футболи ноҳияи Восеъ ташаббусро ба даст гирифт. Ҳамин буд, ки ҳакамони озмуни футбол ҷои аввалро насиби тими футболи ноҳияи Восеъ донистанд. Ҷои дувумро бозингарони ноҳияи Ҳамадонӣ ишғол намуданд. Мақоми саввумро бошад футболбозони ноҳияи Муъминобод соҳиб гардиданд.

Ғолибонро Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Восеъ, дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти варзишии иттифоқҳои касабаи ноҳия, бо мукофотҳои хотиравї сарфароз гардониданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: