Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

20-12-2017, 16:40
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
ОБ ЗАХИРА КУНЕД!
Дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мегардад


ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 600 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н. Махсум» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино- дар маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум аз соати 22:00 рӯзи 20 декабр то соати 24:00 рӯзи 21 декабри соли 2017 қатъ мегардад.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дода, аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карданд, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: