ТАВАҶҶӮҲ: интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино як шабонарӯз қатъ мешавад13-03-2018, 08:10
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар иншооти «Маркази барқу гармидиҳии 2» интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино- маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 март то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба имзо расида, тибқи он раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.