
Чанде пеш бо ибтикорри Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи модар, барномаи идона таҳти унвони “Бузургдошти зан - модар аз нигоҳи Пешвои миллат” доир гардид. Дар он занони фаъолу ботаҷриба, ҷавондухтарон ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳ Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирокчиёни мизи мудавварро ба Рӯзи модар таҳният гуфта, иброз дошд: «Таҷлили иди модар дар фасли зебои сол басо рамзист. Зеро зан ва баҳор тавъаманд. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба зан-модар ва бузургдошти ӯ дар ҳама давру замон аз суннатҳои неки мардуми мо ба шумор меравад. Пӯшида нест, ки дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми зан аз масъалаҳои меҳварӣ ва муҳим маҳсуб шуда, бонувони сарбаланди мамлакат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона иштирок менамоянд. Воқеан гиромидошти зан ва эҳтироми ӯро ба ҷо оварданро аз Пешвои миллат бояд омӯхт. Ҳамин ғамхориҳо нисбати зан - модар буд, ки дар кишварамон Иди бонувон ба Рӯзи модар унвон дода шуд. Ҳатто дар маросими савгандёдкунияшон Пешвои миллат бо шири сафеди модар савганд ёд карданду садоқату фидокории худро ба халқу миллат ва ватани худ собит намуданд».
Сипас Раъно Бобоҷониён, муовини раиси ҲХДТ зимни баромади хеш аз иффат ва поктинатии модарон ёдовар шуда, зикр намуд, ки модар дар ҳамаи лаҳҷаҳою забонҳои дунё ҳамоҳангу талаффузи зебою гӯшрас дорад. Зеро ниҳодаш бузург аст. Дар ӯ муҳаббат ба фарзанд, ишқ ба зиндагӣ ниҳон ва беҳтарин орзую ниятҳояш дар суруди алла сабт аст. Имрӯз занон бо меҳри модаронаашон бо поктинатию ростқавлӣ қадру қимати занро баланд мебардоранд. Модарон бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва наврасони миллатро ба камол мерасонанд. Ҳамин бузургист, ки Ҳукумати кишвар дар симои зан натанҳо модару хоҳар, балки сиёсатмадор, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдон, ҳомии ватан, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад.
Бояд гуфт, ки барнома аз ду қисмат иборат буд. Қисми аввал бо миззи мудаввар дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ оғоз гардид. Дар он Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Раъно Бобоҷониён, муовини раиси ҲХДТ, ва занони фаъолу дар сохторҳои давлатӣ хизматнишондода, ба монанди Руқия Курбонова, Марҳабо Ҷабборӣ, Рафиқа Мусоева, Қосимзода Идигул, Гавҳар Шарофзода, Фирӯза Шарифӣ роҳбарону муовинони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Дар фарҷоми миззи мудаввар волонтёрони Кумита ҷиҳати эҳтиром ба зан – модар туҳфаҳои идонаи худро ба иштирокчиён тақдим намуданд.
Инчунин таҳти унвони “Ҷамолу зиннати дунёи, эй зан” бо иштироки сарояндагони тк консерти идона доир гашт.
Ҳасан АЗИЗОВ