
Бо мақсади гиромидошти зан- модар ва арҷгузорӣ ба нақши он дар ҷомеъа дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии маърифатию ахлоқӣ зери унвони «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо» баргузор гардид, ки дар кори он Хайров Шукрулло ноиби ректори оид ба таълими донишкадаи мазкур, Изатуллои Ҳабибзод- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ ирштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки модар оилиҳаи ҳусну малоҳат, офарандаи оламу одам, мураббии башарият ва бақову манзалати ҳар як хонадон аст. Маҳз бузургии модар аст, ки бо як даст гавҳора ва бо дигаре дунё меҷумбонад, ки ин манзалату ҳашамат танҳо хоси модарон аст. Модар маъвобахшу тараннумгарӣ меҳру садоқат ба шумор рафта, дили у ҷуз аз хайру накуии фарзанд ҷаҳони дингареро боқӣ намемонад.

Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Зеро қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст. Нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст».
Дар фарҷом саҳнаи театрикунонидашуда аз ҷониби донишҷўёни ин боргоҳи илму маърифат, ки саршор аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи бузургии зан модар ба намоиш гузошта шуд.