
Зан-модар гули бишкуфтабаҳору хуррами зиндагонист. Модар фариштаи меҳру муҳаббати ҷовидонӣ аст, ки аз гул хушбутар, аз моҳ нозанинтар, аз кӯҳ устувортар, аз офтоб пурнуртар, дилаш аз оби чашмагон софтар асту огушаш дунёи розу ниёзи беканор аст.
Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст”.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино бахшида ба “Рӯзи модарон” аксия таҳти унвони “Зан- модар ҳамсимои баҳор”-ро дар хиёбони Сино, саҳни Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ва ҳудуди ноҳия доир намуд.
Дар аксия аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино модаронро бо рузи идашон ва фарорасии бахору навруз бо тақдим намудани гули сияҳгуш ҳамчун рамзи баҳорон табрик намуданд.
Ҷамшед Олимов.