
Санаи 15.03.2017 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Ҳаштум» бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кулоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор карда шуд.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Саъбагул Валиева ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи «Ҳаштум» Розиқов Восифҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул мухтасар оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ баромад кардю.Сипас, вобаста ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди фаҳмонадиҳӣ қарор дода шуд.

Дар охири маҷлис асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, ба аъзои нав билетҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб супорида шуд.