Таҷлили рӯзи нақлиётчиён дар Ташкилоти ибтидоии “Нақлиёт”28-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
![]() Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сараввал ҳозиринро ба Рӯзи касбиашон табрик гуфта, аз ба ҷо овардани хизматрасониашон миннатдорӣ намуд ва ҳамаро ба бештаргардонии иҷрои сифати кор ва бо дасту дили гарм баҳри рушди соҳаи мазкур кӯшиш намудан даъват кард. Сипас, Искандаров Ғаюрбек раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт” суханронӣ намуда, аз корҳои анҷомдодашудаи соҳаи нақлиёти пойтахт маълумот дод. Ҳамзамон мавсуф иттилоъ дод, ки имсол дар рузи таҷлили Иди касбии нақлиётчиён аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар 1 нафар ба унвони олии соҳа, яъне нақлиётчии беҳтарин ва 2 нафар бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳа Ифтихорнома тақдим карда шуд. ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.






[/banner_right-3]


