Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

16-02-2018, 21:56
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Рӯзи 16 феврали соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишоти ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, комиҷроияҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, ба баррасии ҳозирин рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар бораи «Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2018»-ро пешниҳод намуданд.
Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ, аз ҷумла, иброз доштанд, ки имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро расидааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2017 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намуда, барои соли нави 2018 нақшаҳоро муайян намоянд. Таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Таъкид гардид, ки «мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё ва кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем»,-таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори боварию эътимод карда шуд, ки ҳар як чорабинӣ ва маъракаю ҷашнҳои ороста барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар давлати соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва неруи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.
Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, ки дар айни замон шумораи онҳо ба зиёда аз 460 ҳазор нафар мерасад, ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт мебошанд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш афзун гардонда истодааст.
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудаанд.
Баъдан бархе аз аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», аз ҷумла Шодигул Қонунзода — директори мактаби Президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аловиддин Амирзода — омӯзгор аз вилояти Хатлон, Муслимахон Ҷамолиён — раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Муистон Азизова — раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Баҳодур Исҳоқов — раиси ташкилоти ибтидоии “Сафеддара” ва Саодат Холмирзоева — магистри Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба музокира баромада, назару андешаҳои худро перомуни амалӣ кардани қарорҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои мақомоти олии ҳизб баён доштанд ва барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти минбаъдаи ташкилоти сиёсӣ ва таҳкими обрӯву нуфузи он дар ҷомеа пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Дар ниҳояти кори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони маҷлисро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори Маҷлисро ба овоз монданд, ки он аз ҷониби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб якдилона пазируфта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: