Дубайтиҳо24-02-2018, 11:15
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Дар арши Ватн чу кабк пар бикшоям, Дар санги Ватан зону занам, осоям. Моему Ватан бастаи арғамчини меҳр, Ҳар чо, ки равам, боз ба наздаш оям. Мо чумла, чӣ мӯсафеду чӣ барноем, Бо шавқ фидокори раҳи фардоем. Андешаи мо муҳталиф афтанд, аммо Дар нафъи Ватан мисли фалак яктоем. Дар моҳ, ки нуқсе набинӣ, моҳи ман аст, Паскӯчаи орифон кадамгоҳи ман аст. Эй соданигаҳ, беҳуда нақбе машикоф, Роҳе, ки ба кӯят нарасад, роҳи ман аст. Ман шоми туро рашки саҳар ҳоҳам кард, Талхии туро кони шакар ҳоҳам кард. Чун санги кафат дар раҳи сел, эй Меҳан, Чонро ба раҳи ҳасм сипар ҳоҳам кард. Ҳар кас зи чаҳон раҳаки ҳуд мепӯяд, Ҳар кас гули ҳуд аз ин чаман мебӯяд. Бар нокасу кас дод мазан, эй сода, Бар куҳ бало гӯи, бало мегӯяд. Аз булбули шӯридае чаҳ-чаҳ монад, Аз роҳкушо бар дигарон раҳ монад Аз кӯзагаре барои мардум кӯза, Аз коҳкашон нишонаи каҳ монад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.