РУБОИЁТ9-01-2018, 10:07
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҳоки Ватан чу сабза барҳостаем, Дар сина адовате ҳама костаем. Пиндор , ватан дидаву мо мижгонаш, Дар ҳифзи ҳудуд мо саф оростаем. Дун дар ҳаваси коми Ватан нест, ки нест. Таъмиргари боми Ватан нест, ки нест. Аз даъвати он ба номусу нанг чӣ суд? Чун дар талаби номи Ватан нест, ки нест. Пиндор, Ватан чу дастгоҳе бошад, Дар бунёди тоҷи кулоҳи бошад. Чун гавҳараки чашм нигоҳаш дорем, Аз кор чу монд, русиёҳӣ бошад. Эй дӯст, чаро дар талаби хеш наӣ, Ҷуз бандаи май, аҳли ягон кеш наӣ. Асбоби тафохур задаӣ дар сина, Неку нигарӣ, аз ҳасаке беш наӣ Ширин , ширин чанде ҷавонӣ кардем, Мастиву суруру шодмонӣ кардем. Бар қолии пойиз агар биншастем, Дар атри баҳор қиссахонӣ кардем. Оваҳ , оваҳ, чӣ носазоӣ кардам, Бо ҳамчу туе қасди ҷудоӣ кардам. Оҳир ба ҷамоли рӯи ту зор шудам, Аз кулчаи маҳтоб гадоӣ кардам. Гаҳ, аз сари меҳр ҳушкаломи кардам, Дар бозии давр гаҳ ғиромӣ кардам. Афсӯс, ки дар ҷавонӣ нашнохтамат, Дар курагаҳи ишқи ту ҳомӣ кардам. Марде ба Ватан чун ифтихоре дорад? Дар марди Ватан дарза шиоре дорад. Помол кунад дар қади раҳ сабзаву гул, Бефаҳм, дар он Ватан қароре дорад. Баъд аз сари боғбон чу боғе монад, Аз машъалаафрӯз чароғе монад. Афсуӯ, ки аз марди хиёнатпеша, Дар қалби Ватан тамғаи доғе монад. Ҳамроҳи Авлиёпур |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.