Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Дубайтиҳо

3-11-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 724 нафар
Назарҳо: 0
Дубайтиҳо


Бикун, парҳез зи ҷаҳлу ҳам ҷаҳолат,
Маҷӯ, дар тундравӣ бахту саодат,
Мабош, танпарвару танбал ба олам,
Машав, мири ғазаб, андар разолат.

Зи дашноме забонатро нигаҳ дор,
Каломи бад магӯ дилҳо маёзор.
Бирон, аз ҳастиат қаҳру газабро,
Бимон , доим накукору сазовор .

Ба одамҳо бишав, ёру бародар,
Ба ҳар нокас макун худро баробар.
Каломи хуш бурун ор, аз забонат,
Накуном шав, ба мисли шамси Ховар

Ҳама бухлу ҳасад аз худ бурун рон,
Бикун, ту меҳрубонӣ , аз аз дилу ҷон.
Шитоб бинмо, ба ислоҳи хатоят,
Қадам берун манеҳ, аз роҳи мардон.


Дилат гар моили мадху салом аст,
Забонат гар шакаррези калом аст,
Шави махбуби дилхо байни мардум,
Хилолат гуиё бадри тамом аст.


Чориёри Иброҳим.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: