Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пурзурнамоии тарғиби сулҳу субот дар Айнӣ

Пурзурнамоии тарғиби сулҳу субот дар Айнӣ

3-11-2015, 05:05
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ санаи 2 ноябри соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч бахшида ба солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуд. Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аъзоёни комиҷроия доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа ва эмин доштани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таъмини волоияти қонун ва доир ба ҳадафҳои созандаи ҳизб баромад намуданд. Инчунин қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими Ваҳдати Миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Дар вохӯриҳо раисони ҷамоатҳои мазкур, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони деҳаҳо иштирок доштанд ва якдилона тарафдории худро ба сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумату давлат, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханони худ зоҳир намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: