Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз иқдоми намояндагони мардумӣ истиқбол намуд10-12-2015, 10:16
Хабарро хонданд: 454 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҳамчунин қайд гардид, ки 21 сол қабл дар ҳамин рӯз дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарини фарзанди фарзона ва Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки ин воқеа барои ҳар як аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ рӯзи фаромушношуданӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, Шурои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфтанд. Ҳамчунин дар ДМТ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон доир карда шуд, ки дар он аъзои фаъоли ин ниҳоди ҷавонони ҲХДТ ширкат доштанд. Аз номи созмони ҷавонони ҳизб ба иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони шаҳри Душанбе варақаҳои табрикотӣ паҳн карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.