
Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рўзи Парчами давлатӣ дар баргузории аксияи умумиҷумҳуриявии ҷавонон - «Сулҳ ба ҳама» иштироки фаъолона намуданд ва аксҳо аз ин чорабиниҳо дар билборди калонҳаҷм, ки дар шафати хиёбони Рўдакии пойтахт насб шудааст, инъикос гардид. Ҳамчунин, аъзои фаъоли ташкилот ба кўчаҳои шаҳри Хуҷанд баромада, варақаҳои табрикотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»- ро ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд ва онҳоро бо ин рўзи фархунда табрику таҳният гуфтанд.