Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чакомаҳо аз эҷодиёти Бозор Собир

Чакомаҳо аз эҷодиёти Бозор Собир

2-05-2018, 08:25
Хабарро хонданд: 772 нафар
Назарҳо: 0
Чакомаҳо аз  эҷодиёти Бозор Собир

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,

Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.

Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,

Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ…

Халқи тоҷик,

Халқи армон,

Об дар чашм,

Чун ятимон.

Дар лабаш хашм

Чун асирон,

Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,

Бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Душмани дарвеши худро,

Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд…

Гаҳ дар оташ,

Гаҳ дар об

Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт — сӯхт,

Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.

Лек лафзи модариаш,

Ҳамчу номи модараш,

Дар забону дар даҳонаш монд – монд.

Ҳар сухан бо шири модар

Сахт шуд дар устухонаш монд – монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр

Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,

Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,

Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.

Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,

Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Давлате аз ҳарфи вазнин,

Давлате аз шеъри рангин.

Аз чунин шеъре, ки ҳар як мисрааш

Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,

Равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯйиё чун сайди маҷрӯҳ

Ӯ ҷароҳатҳои худро

Гаштаю баргашта лесид,

Бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун

Гарчи бо габру мусулмон

Ҳамсаро буд,

Ҳамрасулу ҳамхудо буд,

Дар забон аммо ҷудо буд.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

***

Аз хоки ватан гури падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби чар дар дили ман монд.

Дар оташи гам когази руи ман агар сухт,
Аз хохари ман когази сар дар дили ман монд.

Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд.

Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,
Аз рафтанашон хуни чигар дар дили ман монд.

Дар сузани девори ман аст риштаи умрам,
Кофист хамон сузан агар дар дили ман монд.

Аз хамватану хамрагу хамгавхару хамхун
Чашмони тару охи сахар дар дили ман монд.

(13 апрели 1996,Джексонвил)

***

Аз хуни Сиёвушем, Хамхуни Сиёвушем,
Аз чомасафедонем, хар чома намепушем
Хамсоли «Авасто» -ем, хамоташи Зардуштем,
Мо оташи Зардушту нокушта намекуштем.

Хамтешаи Фарходем, андеша намекардем,
Чуз решаи Охарман мо теша намекардем.
Аз давраи Деваштич дар кузаи мо девест,
Ин деви адоват нест, ин деви ватанхохист.

Чун Золи Зар аз модар кам бачча таваллуд шуд,
Хам руи сафедаш буд, хам муи сафедаш буд.
Мо хам, ки аз он зотем, мо хам, ки аз он бобо,
Хам муи сафед аз мост, хам руи сафед аз мо.

Дар Киблаи дил моро точе хама мехроб аст,
Дар киблаи дил моро мехроб на, Сухроб аст.
Дар бозуи дил моро як панчахи кутох аст,
Бо панчаи кутохаш аз Борбад аст ин даст.

Исмоили Сомони девори Бухоро буд,
Мо хамватани уем, у хамватани мо буд.
Мо хам кухи хороем, девори Бухороем,
Девори Бухороем мо хам, кухи хороем.

Як тоифа аз Лохур, як тоифа аз Тусем,
Хам вориси Хомусем, хам вориси номусем.
Хамшахрии Фирдавси, хамшахрии Икболем,
Хамшахри ба номусем, хамшахри ба икболем.
Ба кохи Ачам кухаст, дар мури Ачам мираст,
Дар шеъри Ачам шир аст, дар шеъри Ачам шер аст,
Шере, ки дар анбухи найзори калам хоб аст,
Шери нари шеърашро душман натавонад баст.

***

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?

Парандаҳои муҳоҷир ба лона баргаштанд,

Дубора чаҳ-чаҳа cap шуд, чаро намеоӣ?

Бародарони мусофир ба хона баргаштанд,

Дубора қаҳ-қаҳа дар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ниҳоли пушти дарат бо қадат баробар буд,

Чанори хушқаду бар шуд, чаро намеоӣ?

Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,

Ба рафтанат чи қадар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон бинои баланде ватан бувад номаш,

Ба хишти нони падар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамон сутуни баланде ватан бувад бомаш,

Ба устухони падар шуд, чаро намеоӣ?

Апрели 1998, Сиэтл.



***

ТИРАМОҲ

Рӯзҳои барфу боронӣ расида:

Ҷомаи зарди дарахтонро дарида,

Сабзаву гулро чарида,

Меваҳои пухтааш чида,

Меваи нопухтааш дар шоха ларзида,

Ранги хуршедаш парида,

Мурғи шеърам парбурида.

Хонаҳои холӣ пур аз бод,
Синаҳои холӣ пур аз ёд,
Меравад мушти паре барбод,
Коғазеву дафтаре барбод.

Селаи барги хазон дар тури борон мезанад пар,

Шишаҳои хонаам тар.

Мерасад ин лаҳза чашми модари пирам ба

хотир;

Ҳар қадар обе,ки ӯ аз зиндагонӣ хӯрда буд,

Зиндагӣ баргашта онро рехт аз чашмонаш

охир…

Мушти ёдам мезанад бар сар,
Мушти бодам мезанад бар дар…

***

АСП

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.

Пояш сафеду гардану пешонияш сафед,
Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар,
Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт,
Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.

То рӯи сина шаршараю обшори ёл,
То пушти пой шаршараю обшори дум.
Чун зарбаҳои набзи раги дасту пойи роҳ,
Аз сангу хок мешунавам зарбаҳои сум.

Сар то қадам сарак-сараку резу печу тоб,
Дар подаи касофати маркаб намечарад.
Аспи фариштае, ки саисаш фариштаест,
Шаб то саҳар фаришта қашоғӯш мезанад.

Дар ҳарду пойи ӯ падари ман кишан назад,
Дар банди пойи ӯ падарам ресмон набаст.
Дар кӯдакӣ шунидаму фарёд мекашад
Ин гӯши ман ба шиҳаи он аспи дурдаст.

Дар кӯдакӣ шунидаму аз ёди ман нарафт
Он шиҳаи азизи чиҳилсола бештар;
Як дам ба гӯш мерасад аз пуштаҳои дур,
Як дам ба гӯш мерасад аз кулбаи падар.

Ёдат ба хайр бому дари кӯдакии ман,
Кам нест дар хаёли ман афсонаҳои ту.
Марде, ки рафт аз бари мо дар ҷавониаш,
Хоҳам, ки пир ояду ояд дубораду…

Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар.

Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл
Бори дигар надидамат эй аспи бодпо,
Ту то куҷо давидию ку он савораат,
Ӯро ту дар ҷавониаш афкандӣ дар куҷо?
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: