Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Назарбоев таъсири таҳримҳои зидди Русияро ба Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад

Назарбоев таъсири таҳримҳои зидди Русияро ба Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад

8-08-2017, 10:29
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
   Назарбоев таъсири таҳримҳои зидди Русияро ба Қазоқистон аз эҳтимол дур намедонад

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дирӯз аз рухсатии меҳнатӣ ба иҷрои вазифаҳояш баргашта ва бо сарвазири кишвараш Бакитҷон Сагинтаев мулоқот кард.
Дар ин мулоқот Назарбоев гуфт, ки ҳукумат барои ноил шудан ба нишондодҳои хуб бояд "дучанд" кор кунад, зеро мумкин аст, таҳримҳои нави Ғарб нисбати Русия ба иқтисоди Қазоқистон низ таъсир расонанд.

"Ман бар ин назарам, ки ҳукумат бо тамоми нерӯ кор мекунад. Ман ба ҳамагон муроҷиат мекунам, ки бояд то охири сол ба таври бояду шояд кор кунем, то ки ин солро бо нишондодҳои хуб пушти сар созем. Хатарҳо вуҷуд доранд. Тағйирёбии нархи барқ, маҳсулоти хом. Таъсири таҳримҳои Ғарб нисбати Русия. Инро бояд дар назар дошт", - гуфт Назарбоев.

Таҳримҳои нави иқтисодӣ нисбати Русия аз сӯи президенти ИМА Доналд Трамп 2 август имзо шуд. Худи ҳамон рӯз қурби доллар дар Қазоқистон боло рафт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: