Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Комёбии узви фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н. Гончӣ

Комёбии узви фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н. Гончӣ

3-12-2015, 11:14
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Комёбии узви фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н. ГончӣДар арафаи ҷашнгирии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинону ҳизбиён ноҳияи Ғончӣ як хушхабари боз ҳам руҳбаландкунанда расид ва ин ҳам бошад дастоварди навбатии беҳтарини варзишгари ноҳияву ҷумҳурӣ, узви фаъоли НТҶҶ «Созандагони Ватан» Фарзод Нуруллоев буд. Варзишгари номӣ, устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи I-ум дан оид ба каратэ, чемпиони Аврупо дар соли 2014 ва дорандаи Ҷоми Ҷаҳон Фарзод Нуруллоев дирўз аз мусобиқаи байналхалқӣ, ки дар давлати Белорус ҷараён гирифт ба сарбаландӣ ба Ватан баргашт. Мусобика рўзҳои 19-22 ноябр бо иштироки варзишгарони номӣ аз давлатҳои мухталиф баргузор гардида, Фарзод Нуруллоев дар майдон ғолибияти пай дар пайро дар даст дошт. Вале дар давраи нимниҳоӣ ва муҳорибааш бо намояндаи Украина дасти росташ шикаст хўрда, новобаста ба ин муҳорибаро мардонавор идома дод ва сазовори ҷои дуюм, Ҷоми Гомер ва Ифтихорнома барои мардонагӣ гашт. Дар зодгоҳ ўро, чун анъанаи чаҳор сол инҷониб идомаёбандаи пешвози қаҳрамон, бо руҳияи идона ва ифтихормандӣ истиқбол намуданд. Раиси нохия Рустамбой Ҷўраев аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия ҳарф зада, ҷойгузинии Фарзод Нуруллоевро махсусан қайд намуда, гуфт, ки варзишгари мо дар Рўзи Парчами миллӣ парчамбардори Ватани азиз гардид ва ин боиси сарбаландии мо буда, нишон аз Ватандўстию ифтихории мили Фарзод Нуруллоев аст. Дар ин чорабинии пешвозӣ ба сабабгори он сипоснома ва тўҳфаҳои роҳбарияти ноҳия тақдим гардид. Ҳамчунин чанд нафар иштирокчиён ва ғолибони мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз мактаби варзишии ноҳия бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ гаштанд. Чемпиони ҷумхурӣ доир ба шоҳмот Сиёвуш Обидов, муаллимаи МТМУ-16 М.Юсуфова ва дигарон сухан гирифтанду суханони саршори самимияти хешро иброз намуданд. Фарзод Нуруллоев бошад, аз рафти мусобиқа сухан ронда, барои дастгирӣ ба роҳбарияти ноҳия ва устодони худ арзи сипос намуд. Бобои варзишгар, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳидулло Нуруллоев нисбати чунин шукўҳу шаҳомат баҳри истиқболи гарм ба ҳамагон сипосгузорӣ кард. Бояд гуфт, ки имрўз Фарзод Нуруллоев ояндаи умедбахши варзиши ҷумҳурӣ буда, ифтихори ҳар як сокини диёр гардидааст ва намунаи равшанест барои дигар ҷавонон, ки имрўз ба ягон камбудӣ нигоҳ накарда, дар пайи баланд бардоштани муқаддасоти миллӣ ва рамзи Итиқлолияти давлатӣ роҳ ба сўи пеш ва такомул гирифтааст. Шоёни узвият дар ТҶҶ «Созандагони Ватан» буда, шоёни фахр ва шоистаи таҳсину номи баланд аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: