Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР МУТТАҲИДӢ ВА ДОНИШ РОҲИ НАҶОТ АСТ

ДАР МУТТАҲИДӢ ВА ДОНИШ РОҲИ НАҶОТ АСТ

23-11-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
ДАР МУТТАҲИДӢ ВА ДОНИШ РОҲИ НАҶОТ АСТ
Раванди ҷаҳонишавӣ ба бархурди тамаддунҳо овард, ки дар натиҷа қисмати бузург қисмати кучакро мутеи худ месозад.
Имрӯзҳо масъалаи ҷавонон дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Зеро дар ин раванди пуртазод ҷавонон аз ҳисоби бетаҷрибагӣ ва малакаи кофӣ надоштан ба табақаи осебпазир мубаддал гаштаанд. Тамоми таблиғгарони ифротгароӣ ба сӯи муҳоҷирон ва ҷавонони камтаҷриба ва бехабар рӯйо варда, комёбиҳои худро дар гумроҳкардани онҳо мебинанд.
Сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон зиёданд, аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбовар будан, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ қарор гирифтан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Таблиғотчиёни ақидаи террористию экстремистидошта аз вазъияти иҷтимоӣ ва ақидаи динии шаҳрвандон моҳирона истифода бурда, тариқи технологияи муосир, телефонҳои мобилию воситаҳои интернетӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ онҳоро ба сӯи ҳадафҳои ғаразноки худ, бо ҳар роҳу василаи ба худ хос ба қатлу куштор ва бераҳмию разилӣ мебаранд.
Мардуми тоҷик мусалмон ҳастанд ва нисбат ба қонуни шариат эҳтиром мегузоранд, вале мутаасифона аз ин қонун огаҳии комил надоранд. Ҳамин ҷанбаро таблиғгарони ифротгароӣ комилан истифода намуда, ба ҷомеаи инсонӣ зарбаи ҷонкоҳ мезананд.
Зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯзҳо дар кишвари мо барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ барномаҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд, ки дар роҳи шинохти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа, мубориза бо ифротгароӣ, динситезӣ, бегонапарастӣ, экстримизму терроризм ва саҳмгузорӣ дар сулҳу суботи кишвар натиҷаҳои назаррас дода истодаанд, ки дар васоити ахбори умум, махсусан радиову телевизион, маҷаллаву рӯзномаҳо нашр шуда истодаанд.
Мо ҷавонон дар чунин шароити орому осуда танҳо ба илмомӯзӣ рӯй оварда барои ояндаи неки худ, оилаи худ ва Ватани худ кӯшиш намоем. Ин ягона роҳи баромадан аз тамоми душвориҳо бомуваффақият мебошад.
Дар акси ҳол аз бесаводӣ ва бефикрӣ, бархе аз ҷавонон ба доми фиреби ифротгароён афтида, ба хонавода ва ҳам ба кишвари худ зарар мерасонанд. Дар чунин бозиҳо ҷавонони ноогоҳ қурбон мешаванд ва бо ин васила мушкилоти азимеро болои оилаву хонаводаи худ меоранд.
Чуноне, ки Сарвари давлат дар суханронии худ қайд намуданд: «Хотиррасон менамоям, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад».
Дар ҳақиқат ҳам натиҷаи кирдорҳои ҷинояткоронаи онҳо тафриқаандозӣ миёни мардум, қатлу куштори одамони бегуноҳ, қашшоқӣ, бекорӣ, гуруснагӣ, бесаводӣ, гумроҳии ҷавонону насли наврас ва дигар таъсирҳои манфӣ дар ҷомеа мебошад.
Ба доми онҳо наафтидан аз худи шаҳрвандону ҷавонон вобастагии калон дорад. Онҳо дар ҷумҳурӣ ва хоҳ дар муҳоҷират бояд доим дар робита бо наздикону пайвандони худ бошанд, оиди ҳар амалу иқдоми хеш аз волидайн, шахсони кордида маслиҳат пурсанд. Ба сабукандешӣ роҳ надиҳанд, оқибати амали худ ва таъсири онро ба оилаву наздиконашон дар тарозуи ақл таҳлил намоянд. Ба шахсони тасодуфӣ, ваъдаи зиндагии хубу ақидаи ғайр итминон пайдонакунанд.
Ҷавонону шаҳрвандони моро танҳо дӯстию муттаҳидӣ, дастгирии якдигар, дониши мукамал, касбу ҳунар, меҳнати ҳалол, умед ба орзуҳои неки оянда, дарки воқеият аз чунин вартаи торикию ҷаҳолат наҷот дода метавонад.
Ҳар як фарди бовиҷдони ҷомеа бояд тамоми кӯшишу нерӯи худро баҳри некӯаҳволии хонаводаи худ, дастгирии наздикон, ободию тинҷии кишвари худ равона созад. Аз баъзе мушкилиҳои зиндагӣ руҳафтода нашуда, бо як иродаи қавӣ пайваста дар пайи кори хайру нек шаванд.
Нисбат ба мушкилоти дӯстону наздикон низ бетафовут набуда, оиди гирифтани пеши роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошанд. Аз роҳи нодуруст баргардонидани як шахс ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани ӯ ин худ саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Комрон Баҳромзода,
мудири шуъбаи ташкилии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: