Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оила муқаддастарин зинаи ҷамъият

Оила муқаддастарин зинаи ҷамъият

24-10-2015, 17:30
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
Оила муқаддастарин зинаи ҷамъиятҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизбест, ки тибқи қонунҳо рушди моро таъмин месозад, ояндаи моро рӯшан мекунад. Волоияти қонун яке аз бахшҳои умда ва ба чашм намоёни низоми демократӣ дар кишварамон аст. Мо ин роҳро ҳанӯз аз қадамҳои нахустини ба истиқлолияти давлатӣ расидан бо қабули Сарқонунамон, ки воқеан он ҳам бо раъйдиҳии ҳамаи мову шумо сурат гирифт, интихоб карда будему имрӯз бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари муаззами кишварамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти номбурда собитқадамона пеш рафта, онро зина ба зина таҳкиму тақвият дода истодаем. Сарқонуни Тоҷикистонро давлати ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуниявӣ муқаррар кардааст. Таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, мустаҳкам сохтани пояҳои оиладорӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии хушунати оилавӣ мисли пешина аз ҷумлаи иқдомҳои умдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд қонун асоси ҳамагуна низом ва рушди давлат ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузориро минбаъд низ идома дода, ба он талош меварзад, то маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон густариш ёфта, қонун ва меъёри зиндагии ҳар як шаҳрванди мамлакати мо табдил гардад.

Оила муқаддастарин зинаи ҷамъият
Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки оилаи тоҷик сол ба сол ташаккул ёфта истодааст, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимгардонии оилаи имрӯзаи тоҷик, қонун, санад ва қарорҳои махсуси зиёдеро ба имзо расонидаанд, ки ба шарофати онҳо сатҳи устувории оилаҳо баланд шуда истодааст.
Мусаллам аст, ки ҷавонон дар ташкили оилаи худ мустақиланд, аммо ҷомеа ва давлат ҳеҷгоҳ нисбат ба ин масъала бетафовут набуда, балки дар хушбахтиву пойдории он ҳамеша манфиатдор мебошанд.
Омӯзиши вайроншавии оилаҳо ба он далолат мекунад, ки бештари оилаҳо бо сабаби ҳамаҷониба омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ба вуҷуд меоянд. Мутаассифона, дар ин ҷабҳа на оила, на мактаб саҳми заруриро нагузошта истодаанд. Бар замми ин, маводҳои таълимию методӣ доир ба ин масъала ба таври кофӣ нашр намешавад, то ки онҳо дастраси ҳар фарди ҷомеа шуда тавонанд.
Оила як давлатчаи хурд, як ячейкаи ҷамъиятӣ аст. Вақтҳои охир вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар шуда истодааст. Никоҳи хешутаборӣ рӯз ба рӯз зиёдтар шуд, то мероси худро бегона накунанд, натиҷа ҳамин шуд, ки дар оилаҳо фарзандони носолим бисёртар тавлид гардид. Бинобар ҳамин мувофиқи қарордоди сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон имсол соли оилаи солим эълон карда шуд.
Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми пешгирифтаи Ҷаноби Олиро дастгирӣ карда истодаанд. Ин иқдом дар бунёди оилаи солиму пойдор ва таълиму тарбияи шахсияти насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва хайрандешӣ метавонад хизмати шоиста кунад.
Дар назди Худованд инсон сарфи назар аз қабила ва миллату мазҳабаш сазовори эҳтирому эҳсон аст. Кулли давлатҳои ҷаҳон барои ташаккулу такомули инсон бояд тамоми имконият ва қудрату тавоноияшро дареғ надоранд.
Президенти ҷумҳуриямон дар паёми худ асри ХХI-ро асри таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ номидааст ва тавсия кардааст, ки ҳадафи асосии консепсияи соҳаи маорифи кули кишварҳои ҷумҳуриро бояд ҳамин ғояи муҳим ташкил диҳад. Яъне мо падару модарон, омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ бояд чунин инсонҳоро тарбия намоем, ки дар ин дунё некбинона ба ояндаи дур нигариста тавонанд ва оламеро бунёд кунанд, ки дар он сулҳу субот, хайру некӣ ва ҳусни тафоҳум ҳукмфармо бошад.
Ҳамачиз аз замони коштани тухмӣ оғоз меёбад. Агар ташаккули тифл аз батни модар шурӯъ мешуда бошад, пас луқмаи ҳаром ва бадкориҳои зану мард ин ҷо нақши кам надоранд. Тақдири фарзанд ба ирода ва рафтору кирдори волидайн сахт вобастагӣ дорад. Зеро Офаридгори бузург, ки аз ҳамагуна рафтору кирдор ва иқдомоти мо огоҳ аст, иродаи моро ба назари эътибор гирифта, ҳамачизҳоро вобаста ба он тақдим мекунад. Фарзандони зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз аз вақти ба дунё омадан бетолеъ ҳастанд, зеро волидайни онҳо ва муҳити атрофашон ба фасод рӯ овардаанд. Бояд волидайн ризқу рӯзии худ ва фарзандонашонро аз моли ҳалол ва поку тоза таъмин кунанд.
Фарзанд бештар ба гуфтор, рафтор ва ҳаракату фаъолияти падару модар назар мекунад. Вақте, ки чашм ба дунёи ҳастӣ боз мекунад модару падар, апаву бародарони худро мебинад ва рафтору гуфтори онҳоро ба худ мегирад. Ин барои ӯ як мактаб мешавад ва ҳеҷ гоҳ кирдорҳои берунаи кучагӣ ӯро ба худ намекашад.
Волидайн бояд аввал худашонро дигаргун созанд. Агар хоҳанд, ки фарзандонро ба олами беҳтар баранд, бояд олами ботинии онҳоро аз нафрат, кина ва ҳасад тоза карда, олами беруниашонро бо нек кирдорӣ музайян намоянд. Падару модар бояд ба ақли кӯдаконаш пеш аз он, ки онҳо ба ягон кори бефоида шарик шаванд, ғизои илму донишро диҳанд. Вагарна барои рӯҳи аз ҳақиқат ва дониш маҳрумбуда майдоне мешавад, ки дар он тамоми намудҳои афкори бад кошта ва сабзонида мешаванд.
Эҳтироми инсон ба Офаридгораш аз рӯйи эҳтироми ӯ нисбати волидайнаш муайян карда мешавад. Ва он касе, ки онҳоро эҳтиром намекунад ӯ ба Худои худ эҳтиром намегузорад.
Мо падару модарон, ки фарзандро ба дунё меоварем, ӯро бояд тарзе тарбия кунем, ки сазовори олами улвӣ шавад ва ин вазифаи мост. Ҳамин, ки дониш ба нармии ахлоқ якҷоя шуд, ҳатман мазмуни ҳайратоварро соҳиб мешавад. Инсон тамоми амалҳои худашро нисбат ба одамони дигар бояд дар тарозуи ақл баркашад. Бояд нисбат ба дигарон ҳамончизеро хоҳишу таманно намояд, ки нисбат ба худаш орзу мекунад ва набояд, фаромӯш созад, ки ҳар он чизи барояш нофораму ногувор метавонад ба одамони дигар низ нохушу ногувор бошад. Ӯ маҳс ҳамин тавр метавонад рафтору кирдорҳои нодурустро пешгирӣ кунад.
Инсони хирадманд нафарест, ки ба зудӣ метавонад муносибатҳои вайроншудаи худро ба атрофиён барқарор кунад ва робитаи дӯстиро нигоҳ дорад. Хирадмантар касест, ки ҳеҷгоҳ ба дӯстонаш ихтилоф намекунад. Дилҳо барои он офарида шудаанд, ки сирру асрор дар онҳо нигоҳ дошта шаванд. Ақлу хирад – қулфи онҳост ва ирода бошад калиди он. То замоне ин қулфу калидҳо созу дурустанд, ҳеҷ касс наметавонад донад, ки чиро ин дилҳо андарунашон нигоҳ медоранд.
Оила асоси ҷамъият ба шумор меравад. Оила солим бошад, ҷамъият ҳам солим аст. Агар он заифу ноқис бошад, пойдории ҷамъият низ камқувват мегардад. Дар натиҷа бинои пойдеворсохташудаи он каҷ мешавад. Дар ҳақиқат, оилаи солим ба ҷомеаи солим далолат мекунад. Агар оила солим бошаду фарзандони ин хонавода бо маърифату бо фазилат ба воя расида соҳибмаълумот шаванд, он гоҳ ин фарзандон барои ҳифзу хидмати ватану миллаташон саҳми арзандаи худро расонида, оянда низ аз чунин оилаҳо фарзандони барӯманди миллат ба воя мерасанд. Яъне, ки сарчашмаи пешрафту тараққии давлати пуриқтидору давлати мустаҳкам ин оилаи солим мебошад.
Ҷавонон дар ташкили оилаи худ мустақиланд, аммо ҷомеа ҳеҷвақт оид ба ин масъала бетараф нест. Зеро дар оила шаҳрвандони ояндаи мамлакат тарбия меёбанд.
©Раиси ташкилоти ибтидоии «Ворисони Рӯдакӣ», дар ноҳияи Шоҳмансур Қодирова Салтанат Абдуллоевна.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: