Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тундгароӣ, ифротгароӣ, экстремизму терроризм ва роҳҳои мубориза бо онҳо

Тундгароӣ, ифротгароӣ, экстремизму терроризм ва роҳҳои мубориза бо онҳо

7-12-2016, 10:25
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Тундгароӣ, ифротгароӣ, экстремизму терроризм ва роҳҳои мубориза бо онҳо

Фазои амну устувор ва ваҳдату ягонагӣ аз беҳтарин неъматҳою арзишҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан ҳам сарзамине, ки дар он ҷо сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ҳукмфармо аст, бешубҳа дорои пешравиҳою тараққиёти назаррас аст. Муҳимтар аз ҳама аҳолии он сарзамин дар амнияти комили сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қарор хоҳанд дошт.
Боиси хушҳолию айни сарафрозист, ки имрӯзҳо дар мулки Тоҷикистони соҳибиститқлоли мо таҳти сиёсати оқилонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату якдилӣ ва сулҳу субот ҳукмфармост. Вале на ҳама шахсиятҳо арзиши олии ин неъматҳоро дарк карда метавонанд. Мутаассифона имрӯзҳо дар ҷомеаи мо шахсиятҳое ҳастанд, ки аз ҳамаи ин фароҳамовариҳо, дастгириҳо ва неъматҳои моддию маънавии истиқлолият ношукрӣ мекунанд. Дар урфият мегӯянд, ки:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Ҷабри неъмат аз кафат берун кунад.
Воқеан ҳам шукргузории мо буд, ки ба ин рӯзҳои нек расидем. Аммо бархе аз инсонҳо ба дурӯғу ваъдаҳои ҳангоматалабони хориҷа бовар намуда, ҳаёти осудаи халқро халалдор месозанд.
Яке аз масъалаҳои ташвишовари глобалӣ ин пайдоиши равияҳои тундраву ифротии террористию экстремистӣ мебошад, ки тамоми ҷомеаи манотиқи гуногуни оламро ба ҳарос овардааст. Ин падидаи номатлуб боиси вайрон гардидани афкори умум шуда, муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки хатари падидаи фавқуззикр аз инфиҷори яроқҳои ядроӣ зиёдтар аст. Бархе аз инсонҳо пайдоиш ва омили асосии терроризмро ба дини мубини ислом нисбат медиҳанд, ки ин албатта хатое беш нест. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ таъкид намудаанд, ки терроризму экстремизм ба дини мубини ислом ҳеҷ рабте надорад. Балки ин идеология аз ҷониби душманони дини ислом амалӣ шуда, барои доғдор кардани ин дини пок ва ҷорӣ намудани ақидаҳои нопоку ғаразноки худ кӯшиш мекунанд. Ягон дину ойин куштори халқи бегуноҳро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намекунанд, ва ин падидаи нанговарро сахт накӯҳиш мекунанд.
Шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи хусусияти террористию экстремистидошта масъалаи мубрами рӯз аст. Агар ба хабарҳои расонаҳо такя кунем, аз он дарак меёбем, ки чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон ба ҳаракати бо ном “давлати исломӣ” шомил шудаанд, ки ин албатта ба фарди солиму ватанхоҳ нафратангез аст. Ин натиҷаи бесаводӣ, сустиродагӣ, бехабарӣ аз аслияту шахсияти гузаштагон аст. Ба андешаи камина роҳи ҳалли ин масъала диққати ҷиддӣ додан дар раванди таълиму тарбия аст. Бояд аз давраи боғчагӣ кӯдакон то ҳадди ақал таъриху фарҳангашонро донанд ва ба ватан муҳаббат пайдо намоянд.
Мо ҷавонони саодатманд аз ҳамаи ин афкору андешаҳои бегонапарастию ифротгароӣ дурӣ меҷӯем. Зеро мо дарк намудаем, ки ин идеология чӣ оқибат дорад. Халқи тоҷик алакай маззаи онро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чашида буд.
Мо ҷавонон пуштибони сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Президенти кишвар ва таблиғгари тарзи ҳаёти шоистаи ҷомеа ҳастем. Намегузорем, то ақидаи нохалафон дар шуури ҷамъиятамон таъсир гузорад. Чунки мо дорои шуури солим ҳастем. Баҳри пойдории сулҳу субот ба ҷони худ савганд ёд мекунем.

Ҳайдаралӣ Ашӯров,
донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси
электроникаи тиббии факултети физикаю техникаи
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: