Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон

15-11-2017, 13:15
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон

Панҷ. Бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» дар маркази ноҳия дар боғи фарҳангӣ-фароғатиии ҷамоати шаҳраки Панҷ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон мусобиқаи калони шоҳмот байни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони ноҳия оғоз гардид.
Сараввал раиси ноҳия М.Сайфуддинзода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ё.Носиров ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин идҳои таърихии миллат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон табрик гуфта, ба иштирокдорон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон
Мардум бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, дар тахким ва рушди давлатдории миллии тоҷикон хидмати бевосита кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат , Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарине мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Таҷлил аз Рӯзи Президент қадрдонӣ сулҳу оромии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аст.

Атавуллоева З.
КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: