
Панҷ. Конститутсия ҳучҷати тақдирсози ҳар як давлату миллат буда, баёнгар ва таҷҷасумгари арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, танзимкунандаи волояти қонуни қонуниятҳо мебошад.
Бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» аз 30 октябри соли ҷорӣ ҳафтаи баргузории мусобиқаи варзишӣ байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таълимӣ, байни ҷавонони ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои «Ҷоми ҲХДТ» дар риштаи футбол оғоз гардид. Мусобиқаи варзишӣ дар майдончаи варзишии муассисаи таълимии №21-и ноҳия баргузор гардида, он барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар маросими кушодавии мусобиқа 7 даста ва мухлисони сершумор иштирок доштанд. Мусобиқаро раиси КИН Ё.Носиров ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи таърихӣ, яъне 23-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар бораи ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат ибрози андеша намуда, ҳамзамон, ба иштирокчиёни мусобиқа муваффақиятҳо орзу намуд. Дар анҷом, дастаи ғолиби мусобиқаи футбол аз рӯи имтиёзҳои бештари соҳибшудааш муайян карда мешавад.
Т.Ҳошимов.