Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи XVI-ум иҷлосияи тақдирсоз буд

Иҷлосияи XVI-ум иҷлосияи тақдирсоз буд

15-11-2017, 13:09
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи XVI-ум иҷлосияи тақдирсоз буд
Дар деҳаи Эшонқӯрғони ноҳияи Деваштич бахшида ба 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо хонандагону фаъолони деҳа баргузор гардид, ки дар он собиқадори меҳнат, модари фарзанди қаҳрамони ноҳия, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷонфидоӣ намуда, дар роҳи ҳифзи Ватан-Модар ва ҳаёти миллионҳо нафар сокинон ҷони худро дареғ надоштааст – Муборак Ғайбуллоева иштирок намуд.
Дар оғози мулоқот роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ба сухан баромада, аз воқеаву қарорҳои таърихии дар иҷлосияи мазкур қабулшуда маълумот дода, қайд намуд ки маҳз дар ин иҷлосия қаҳрамони ояндаи Тоҷикистон, фарзанди бо нангу номус ва ғамхори халқу давлат – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар интихоб шуда буданд. Маҳз даъвату суханрониҳои инсондӯстона, доштани хиради азалии созандангӣ ва ояндабинии неки шукуфонии Тоҷикистонро ҳазорон нафар фарзандони ҳамақидаву некхоҳи тоҷик аз Раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шунидаву имконпазирии онҳоро эҳсос карда, баҳри дар амал татбиқ шудани чунин иқдомҳову қарорҳои сулҳхоҳона пайрави роҳбари кишвар гардиданд, ки яке аз онҳо ин Авазҷон Насриев буд ва модари ӯ имрӯз бароятон аз нақши иҷлосияву қаҳрамонии фарзандон сухан меронад.
Муборак Ғайбуллоева ҳангоми баромадаш аз хизматҳои фарзандаш бо сарбаландию ифтихор сухан ронда, зикр намуд ки писари калониаш Авазҷон Насриев ҳамчун корманди милитсия барои пойдории сулҳу субот ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ аз ташаббусҳои сулҳпарваронаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, пас аз баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ба пойтахт ба сафари хизматӣ меравад. Ва маҳз иродаи матину эҳсоси ватандӯстонаи чунин фарзандон имрӯз барои ҳазорон модарону падарон ва насли наврас осмони беғубору сулҳу амониро таъмин намудааст.
Дар хотима Муборак Ғайбуллоева қайд намуданд, ки Иҷлосия барои миллионҳо нафар сокинон дари умеду орзуҳоро боз намуд ва ҳамагон ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон эътимод пайдо карданд.

Рухшона Ҷӯраева
ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: