Вохӯрии ҷавонон бо сарбозон19-10-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи нақша чорабиниҳои намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба тантанаҳои Соли ҷавонон ва 25 солагии Иҷлосияи тақдирсоз оиди иҷроиши иқдоми «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» дар қисми низомии 04533 вохӯрӣ бо иштироки сарбозони қисми низомӣ ва толибилмони муасссаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муҳаббат ба давлату миллат мебошад. Чорабиниро роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши Пешвои миллат дар пурзӯр намудани Артиши миллӣ, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолият ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд ва бори дигар ба ҷавонону наврасон таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард аст. Баъдан аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан барномаи фарҳангӣ бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Ватан – Модар, Тоҷикистон ва рақсҳои ҷолиб пешкаши ҳозирин карда шуд. Роҳбари НТҶҶ “Созадагони Ватан” Саидов С.А дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.