Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Тантанаи ободкорӣ дар Деваштич

2-11-2017, 09:52
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Тантанаи ободкорӣ дар Деваштич

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Деваштич ҳамчун соҳибватанони саховатпешаи диёр дар атрофии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри муҳайё намудани шароитҳои хуби донишандӯзиву фароғат, машқу тармим ва зиндагии шоистаи насли наврас дасту камар баҳри ободӣ бастаанд.
Ҳеҷ як нафари онҳо бо ғамхории давлату Ҳукуматро мушоҳидаю эҳсос намудан, аз дастгирии чунин сиёсати хирадмандона дар канор буда наметавонад ва инак, яке аз чунин ватандорони бо нангу номуси диёр сокинони деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич бо сардории раиси хоҷагии деҳқонӣ Абдусамад Маҷидов ва сарвари муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи мазкур Холмурод Отамуродов мебошанд, ки дар назди муассисаи таълимӣ толори варзишии замонавиро сохта, имрӯз бо тариқи тантанавӣ ба истифода супориданд.
Мавриди зикр аст, ки заҳмату талошҳои пайваставу чунин ташаббуси бунёдкоронаи онҳоро ба назар гирифта, толори варзишии мазкур аз дастгирии Президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ низ бенасиб намонд. Чунин ғамхориҳо нишонаи он аст, ки роҳбарият низ ҳар як ташаббусу иқдоми бунёдкоронаро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои муҳайё намудани шароити мусоид чораҳои дахлдор андеша менамояд.

Тантанаи ободкорӣ дар Деваштич
Маросими ботантана ба истифода супоридани толори варзишӣ бо иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Деваштич, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Деваштич, фаъолону сокинони деҳаи Меҳробод, варзишгарон ва омӯзгорону хонандагон баргузор гардид. Пас аз ифтитоҳи толори варзишӣ суханҳову табрикотҳои самимии сокинон ба роҳбарияти кишвар баён гардида, сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ ба ташаббускорону фаъолони деҳа супорида шуд ва чорабинӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ ба охир расид.

Роҳбари НТҶҶ
«Созандагони Ватан»
дар ноҳияи Деваштич
Сарвар Саидов.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: