Мактаб – даргоҳи маърифат6-09-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 25-умин солгарди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷроиши иқдоми «500 – рӯзи созандагӣ» дар ноҳияи Деваштич санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ барои 160 нафар хонанда 8 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода супорида шуд. Бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №15-и деҳаи Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия бо маблағгузории сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон сохта шуд. Маврид ба зикр аст, ки мардуми меҳнатқарини деҳаи Угук якдилона дар атрофии сохтмончиён ҷамъ омада, бинои навро бо тарҳи замонавӣ дар давоми 5 моҳ сохта ба истифода доданд. Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар н.Деваштич Рустам Ҷӯразода ва сафири фавқулодаи Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока ҳангоми баромадҳояшон аз ҳамдиливу созандагии сокинони ин диёр изҳори қаноатмандӣ намуда, арза доштанд, ки ин боз як туҳфаи беҳтарин аст ба истиқболи ҷашни пурсаодати тоҷикистониён. Бинои иловагӣ аз ҳуҷраи омӯзгорон, утоқи сарвар ва 8 синфхонаи иловагии фаннӣ иборат буда, маросими ифтитоҳи он дар руҳияи идона баргузор гардид ва садҳо нафар сокинон дар базми ифтитоҳӣ ширкат варзида, аз дастгириҳои давлату ҳукумат ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуданд. Дар бунёди ин бино саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи хоҷагии деҳқонии «Угук» бо сарварии Холмаҳмад Худойдодов, аҳли ҷомеаи меҳнатии №15 бо сарварии Субҳон Юсупов ва сокинони деҳа низ назаррас буда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ҳар як нафари бо нангу номуси ин диёр ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Зеро рушди ҷомеа ва давлат аз мактаб оғоз гардида, таълиму тарбияи мутахассисон низ аз он вобаста аст. Аз ин хотир, бошандагони деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич масъулияти худро дар назди наслҳои оянда дарк ва эҳсос намуда, барои муҳайё сохтани шароитҳои хубу мусоид баҳри тарбияву донишандӯзии наврасону ҷавонон кӯшиш ба харҷ доданд ва боз як даргоҳи нуру маърифатро баҳри созандагони ояндаи Ватан сохта ба истифода супориданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.