Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар Деваштич

Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар Деваштич

8-12-2016, 09:36
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар Деваштич
Дар ҳама давру замон илмомӯзиву маорифпарварӣ яке аз омилҳои муҳими миллату халқиятҳо маҳсуб ёфта, Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони соҳибкасбро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор медиҳад ва ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок тадбирҳо меандешад. Барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои таълимии ноҳия кӯмаку дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия басо назаррас мебошад. Сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Муҷуназ он руҳбаланданд, ки муассисаи таълимии №20-и деҳа бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта шуда буд. Таи солҳои охир сокинони меҳнатқарини деҳа сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгири намуда, ҷиҳати сохтмон, таъмир ва таҷдиди муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва роҳу кӯпрукҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ намуданд. Аз дастур ва нишондодҳои Сарвари кишвар сокинони деҳа корҳои бунёдкориву ободониро вусъати ҳамаҷониба бахшида, тариқи ҳашари умумӣ ва ҷалби шахсони саховатпеша барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бинои нави хуштарҳу замонавии беморхонаро сохтанд, ки дар арафаи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзии мардуми шарафманди деҳаи Истиқлол буд, ки дар моҳи майи соли 2016 тариқи ҳашар ва ҷалби шахсони саховатпеша сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона барои 240 нафар хонанда дар як баст бо маблағи беш аз 2 миллиону 300 ҳазор сомон бунёд гардида, имрӯз бо иштирокӣ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд Каримзода Осими Қосим, Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод мавриди истифода қарор гирифт.
Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар Деваштич

Чорабиниро Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич муҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуда, дар суханрони худ қайд намуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ гардида, баҳри бунёду азнавсозӣ, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои лозима андешида шуда истодаанд, ки ба сокинони деҳа руҳу илҳоми тоза мебахшад. Сипас Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ва сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд Каримзода Осими Қосим ба сухан баромада, оиди дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таълиму тарбияи насли наврас сухан ронда, барои иқдомҳои неки шахсони саховатпеша миннатдорӣ намуданд. Собиқадори меҳнати соҳаи маориф Ӯктам Тоҷиқулов сухан карда, қайд намуд, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри ободии деҳаи худ боз ҳам мо сокинон кӯшиш ба харҷ медиҳем. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ӯктам Тоҷиқулов яке аз ин шахсони саховатпеша мебошад, ки барои бунёди ин муассиса зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудааст. Хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии мазкур Сафия Ҳамроқулова аз номи куллли толибони муассиса баромад намуда, барои иқдоми неку ғамхоронаи ҳамдеҳагонаш нисбати насли наврас миннатдорӣ баён карда, дар оянда барои идомаи корҳои нек дар пешрафту рушди мамлакату диёри хеш хизмат намуданро вазифаи аввалиндараҷаи насли ҷавон буданашро қайд кард. Дар охир барои қадршиносии шахсоне, ки баҳри бунёди ин бинои муассиса саҳми арзанда гузоштаанд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ин шахсони саховатпеша бо ташаббусҳои наҷиб дар деҳа барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани тарбияи томактабии кӯдакон дар деҳа тариқи ҳашари умумӣ сохтмони кӯдакистонро низ дар оянда ба роҳ мондаанд. Ин иқдому ташаббусҳои наҷибашон боиси таърифу таҳсин мебошад.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: