Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

10-03-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Забон донӣ - ҷаҳон донӣ
Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии “Моҳвора”-и Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ курсҳои омӯзиши забони англисиро бо таври ройгон барои аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият менамояд ташкил намуд. Курсҳои мазкур дар ду гуруҳ 26-нафар дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҳафта як маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ва 30-нафар дар назди Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа дарс меомӯзанд. Дар ҷамъбасти курсҳои омӯзишӣ шунавандагоне, ки пурра забони англисиро аз худ менамоянд бо сертификатҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Бояд қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар самти рушди илм ва пешрафти Ватани маҳбубамон бо ин васила дар амалӣ сохтани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам ин иқдомро амалӣ намуда, дар чунин корҳои хайру созанда ва амалисозии иқдомоти нек саҳми пайваста ва босазои худро хоҳад гузошт.
Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: