Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!

Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!

10-10-2017, 10:54
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
    Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!
Доир ба нақша чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашнҳои расмӣ ва таърихӣ оиди иҷроиши иқдоми «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №-43-и дењаи Даштикони Љамоати дењоти Яхтан бахшида ба Соли ҷавонон байни хонандагон ва омўзгорони 9-муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди “Волейбол”, “Тениси рўи миз” ва “Шоҳмот” баргузор гардид. Мақсад аз ташкил ва дар амал татбиқ намудани чунин мусобиќаҳои варзишӣ эҳтиром доштани забони далатӣ, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим байни ҷавонон ва омўзгорон, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни хонандагон, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур дар руҳияи идона ва болидахотирии тамоми мардуми деҳа баргузор гардида, хонандагон ва омўзгорон байни худ рақобатҳои зиёди варзишӣ намоиш доданд.
    Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои мусобиқа аз рўи намуди волейбол дастаи хонандагони МТМУ №43-и деҳаи Даштикон сазовори ҷои аввал, хонандагони МТМУ №2-и деҳаи Хуштоири Мухлон ҷои дуюм ва омўзгорони МТМУ №17-и деҳаи Яхтан сазовори ҷои сеюм гаштанд.
    Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!
Аз рўи мусобиқаи тениси рўи мизӣ хонандагони МТМУ №17-и деҳаи Яхтан сазовори ҷои аввал, хонандагони МТМУ №3-и деҳаи Лолазор ҷои дуюм ва ҷои сеюм сазовори хонандагони МТМУ №36-и дењаи Шоҳин гаштанд.
    Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!
Дар намуди бозии шоҳмот омўзгори МТМУ №43-и деҳаи Даштикон ҷои аввал ва ду нафар хонандагони МТМУ №61-и деҳаи Лолазор ҷои дуюм ва сеюмро сазовор гаштанд.
Дар охир аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич аз рўи ҳама намуди мусобиќаҳои варзишӣ ғолибомадагон ва бо иштироки фаъолона мањорати варзишӣ намоиш доданд бо диплом, ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ сазовор гаштанд.




Рохбари ТҶҶ“Созандогони Ватан” Саидов С.А

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: