Мусобиқаи варзишӣ дар Деваштич17-11-2016, 10:28
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар диққату эътибор ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хеле пурзур гардида, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Имрӯз нисбати ин ғамхории Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони кишвар ҷисмонан обу тоб ёфта, Парчами Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои дигар баланд бардошта истодаанд. Бо ҳамин мақсад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, тенис ва гуштин баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳия мусобиқаи футбол байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гашт. Дастаҳо байни ҳам қувваозмои намуда, дар мусобиқаи мазкур ҷойи аввал насиби дастаи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, ҷойи дуюм дастаи Ҷамоати деҳоти Яхтан ва ҷойи сеюм насиби дастаи Ҷамоати Муҷун гардид. Мусобиқаи волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия доир гардида, дар қувваозмои ҷойи аввалро муассисаи таълимии №23 деҳаи Нуробод, ҷойи дуюмро муассисаи таълимии №13 деҳаи Зарнисор, ҷойи сеюмро муассисаи таълимии №43 деҳаи Даштикон соҳиб гардиданд. Дигар намуди мусобиқаҳои варзишӣ дар ноҳияи Деваштич идома доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.